Маросими гулгузорӣ аз ҷониби омӯзгорону донишҷӯён дар назди муҷассамаи ёдгории ҶБВ

Имрӯз, бахшида ба 77-солагии Рӯзи ғалаба омӯзгорону донишҷӯёни бо ҳамроҳии ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар пояи муҷассамаи ёдгории шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар шаҳри Бӯстон баҳри пос доштани хотираи ҷанговарон гулчанбар гузоштанд.
Ёдовар мешавем, ки бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар назди ин муҷассама бо ширкати меҳмонони олиқадр ва собиқадорони ҷангу меҳнат чорабинӣ баргузор гардид ва дар ин рӯз як қатор наваскарон савганд ёд намуданд.
Сипас, гузашти низомӣ бо ширкати ҷузъу томҳои шаҳри Бӯстон баргузор гардид.


Шуъбаи иттилоот