Шӯрои занон аз саҳми занҳо дар ҶБВ гуфт

Рӯзи шанбе дар толори конфронсзали донишкада аз ҷониби Шӯрои занон чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Ғалаба гузаронидани шуд, ки дар он намояндаи шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Бӯстон бонувони фаъол ширкат намуданд.
Чорабиниро нахуст раиси Шӯрои занони донишкада Самадова Гули ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба саҳми занон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ сухан ронд.
Баъдан намояндаи шӯъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Бӯстон ва дигар бонувони фаъол суханронӣ намуда, ҳозиринро бо Рӯзи Ғалаба табрику таҳният гуфтанд.
Ёдовар мешавем, ки бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар донишкада як қатор чорабиниҳо ва семинарҳо гузаронида шуд.


Шуъбаи иттилоот