МАЗҲАКА ДАР АВРУПО Ё ИХТИЛОФ АНДАР ИХТИЛОФ

Дар барномаи “Гапи озод”-и радиои террористпарвари “Озодӣ” баҳси ду нафар Додоҷони Атовулло рӯзноманигори муқими Аврупо ва раиси ТЭТ ҲНИ ( ин ташкилоти террористӣ дар ҳудуди кишварҳои узви СҲШ мамнӯъ карда шудааст)  М. Кабирӣ баҳси сиёсӣ сурат гирифт, ки гардонандаи он Мирзонабии Холиқзод рӯзноманигори наҳзатрӯи Озодӣ буд.

Ҳарчанд аз қабл маълум буд, ки ин баҳс солим намешавад ва ҳатман сабту қайчизанӣ дар вуҷуд дорад, аммо бештар имконият додани М. Холиқзод ба раиси террористони наҳзатӣ М. Кабирӣ худ бори дигар нишон дод, ки ин ҷо бозии дигаре ҳаст. Мешавад ин баҳсро низ идомаи ҳиллаву найранги наҳзатиёни террорист ҳисобид. Ҳарчанд дар ин ҷо Д. Атовулло бештар талош кард, то мавқеъияшро муайян намояд, аммо сухани асоси дар рекламаи роҳбари террористони наҳзатӣ М. Кабирӣ буд.

Ин баҳсро агар касе солим гуфт, шояд дар саломатияш нуқсе дорад ва агар касе баҳси муҳим хонд, девона аст. Ин баҳси ду нафар дур аз Тоҷикистонро мешавад як навъ мазҳака номид, ки бештар як актёр бо маслиҳат тарафи дигар рӯзноманигор Д. Атовуллоро зери ҳадаф қарор додааст.

Бештар талоши М. Холиқзод барои ба ҳадаф расидани сухани М. Кабирии террорист буд ва ин ҷо албатта бӯйи зархарид будани кормандони Озодӣ ҳам мушоҳида мешавад.

Зеро аз қабл маълум буд, ки кормандони Радиои террористпарвари Озодӣ аз мавқеи террористони наҳзатӣ ҳимоят мекунанд ва ин маънои онро дорад, ки инҳо аз манфурони наҳзатӣ чеҳра сохтанӣ мешаванд, ки ин ҳам дар ҳоле, ки ними ҷаҳон аз наҳзатиён нафрат дораду ҳамчун террорист ва хоину зиддиинсон мешиносад ононро.

Баҳсе, ки сурат гирифт, бештар як мазҳакаро мемонанд, ки як нафар террорист даъвои сиёсат менамояду мехоҳад бо ихтилоф андозад.

Пас чӣ ҷойи зарурат буд, то аз як террорист бо ин қадар шеваи номардона ҳимоят кунад, Радиои Озодӣ?

Оё кормандони радиои Озодӣ тоҷик нестанд?

Оё кормандони радиои рӯ ба наҳзати Озодӣ зодаи Тоҷикистон нестанд?

Агар, ҳа, пас чаро аз душманони ин миллат ва хоинони ин Ватан ҳимоят мекунанд?!

Меҳвар Абдусаломов

омӯзгори ДКМТ