МАГЗОР КИ ЗЕҲ КУНАД КАМОНРО…

Саъдии Шерозӣ дар “Гулистон” чунин овардааст: “ Ҳар ки душмани кӯчак (хурд)-ро ҳақир мешуморад, ба он монад, ки оташи андакро мӯҳмал гузорад (аҳамият надиҳад)

 

Имрӯз бикуш, ки метавон кушт,

К-оташ чу баланд шуд, ҷаҳон сӯхт.

Магзор ки зеҳ кунад камонро

Душман, ки ба тир метавон дӯхт.

 

Ҳанӯз дуди ҳасрати ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон  пароканда нашуда, сар боло кардани тарафдорони  ҳизби наҳзати ислом ҳамон оташи андакро ба хотир меорад.  Аҳамият надодан ба ин дасисаҳои сиёсӣ як навъ бетарафӣ мебошад. Аз ин хотир, ба даст гирифтани ҷилави ҳушёрии сиёсӣ рисолати ҳар як зиёёии мамлакат мебошад. Хоса, дар муносибат бо ташкилотҳои динӣ ҷавонон маърифати ҳуқуқиро такмил диҳанд.

Тибқи қонунгузориҳои мавҷуда, ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо мебошанд, ба корҳои давлатӣ дахолат карда наметавонанд. Ин маънои онро дорад, ки дар Тоҷикистон, ҳамчун давлати дунявӣ, муассисаҳои динӣ аз мақомоти давлатӣ ҷудо карда шудаанд ва онҳо имконият надоранд, ки ба мақомоти давлатӣ таъсир расонанд.Шаҳрвандон дар интихоби дин озоданд ва давлат ҳақ надорад, ки ба онҳо дар риояи анъана ва муқаррароти динӣ маҳдудият ба миён оваранд. Ба тарзи дигар гӯем, инсон дар эътиқоди динӣ, виҷдон ва шахсият озод аст. Аммо то кадом андоза аз ин озодӣ истифода мекунад, бешак ба сатҳи фарҳангии сиёсии шаҳрванд бастагӣ дорад.

Барои мо такмили фарҳанги сиёсӣ  дар ҷомеаи Тоҷикистон басо муҳим аст. Бояд ба мардум ёрӣ расонид, то ки арзиши ҳуқуқи инсон, фарҳанги ҳуқуқ ва таҳаммулро бубинанд, бо ин роҳ мақоми иҷтимоии худро бифаҳманд, муноқиша ва низоъҳоро тавассути роҳҳои ҳуқуқӣ ва ба таври осоишта ҳал карда тавонанд. Ҳамаи ин мардумро ба зидди ифротгароӣ хуб тайёр мекунад.

Аз ин хотир, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба ҷараёни корҳои тарбиявӣ  эътибори хоса дода мешавад. Чунки тарбия падидаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, психологӣ ва педагогӣ буда, барои танзими ҳаёти инсон ва пешрафти ҷамъият хизмат менамояд. Эътимод ба Ватан бояд тарбия  дода шавад. “Ватанро дӯст доштан кам аст, ба вай эътибор додан ҳам хидмати чандон кироӣ нест. Маҳаки ростини садоқат  ба Ватанро танҳо аз мағзи эътимод меёбӣ” (Саттор Турсун, “Зимистони умр” , Душанбе “Адиб”, 2006, саҳ. 308)  Даргириҳои сиёсии кишвар дар солҳои 90 – уми асри гузашта бори дигар аҳамияти эътимод ба Ватанро собит сохтанд. Маҳз пойдории  ваҳдат дар охири ҳамон солҳо ба халқи мо бахту саодат овард, мамлакатро тинҷу осуда, мардумро хурраму хушрӯзгор сохт. Камоли ифтихор аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сухаронӣ  чандин маротиба аз минбари баланди СММ ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид намудаанд, ки Тоҷикистон ва тоҷикистониён дар ҳама давру замони давлатдориашон зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм буданд ва ҳастанд. Ҳоло, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ дар самти мубориза бар зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм чун як иштирокчии фаъол мешиносанд ва арзёбӣ мекунанд.

Дар донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон ҷиҳати зоҳир кардани таваҷҷуҳ ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рӯҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли наврас ва пешгирии ҳуҷумҳои иттилоотии ТТЭ-и ҲНИ ва дигар ташкилотҳои манъшуда дар давоми соли хониш аз ҷониби гуруҳи иттилоотӣ ва омӯзгорону кормандон тавассути шабакаи интернет пайваста ақолаю  вокуниш ва изҳоротҳо паҳн гардид. Баҳри ҷоннок  гардонидани фаъолияти донишҷӯён дар корҳои таблиғотӣ, ташаккули маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии онҳо аз ҳисоби донишҷӯёни  боистеъдод низ гуруҳҳои таблиғотӣ таъсис дода шуданд. Инчунин, тибқи нақша якчанд маротиба вохӯрии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо омӯзгорону донишҷӯён ва донишҷӯёни дар хобгоҳ истиқоматкунанда гузаронида шуд. Бо мақсади пешгирии омилҳои бегонагароӣ ва хурофотпарастӣ дар байни донишҷӯён шуъбаи тарбияи донишкада мунтазам чорабиниҳои маърифатию зеҳнӣ, фарҳангии фароғатиро таҳти унвони «Мероси ниёгонро ҳифз менамоем» роҳандозӣ намудааст. Ҳамзамон, оиди пешгирии ғояҳои ифротӣ, ҳифзи ниёгон ва бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар донишкада маркази  озмун-намоиши «Ҳунарҳои халқиро эҳё менамоем» доим амал мекунад.

Бо вуҷуди ин, душманони миллат дар симои пайравони ҳизби наҳзат дастовардҳои солҳои охири Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба чашми кам мебинанд. Бо пахши изҳороту даъвоҳои беасос берун аз кишвар истода авзои сиёсии Тоҷикистонро халалдор карданӣ мешаванд. Ин амали онҳо монанд ба ҳамон сулҳи нохоҳам аст. “Сулҳи нохоҳам, ба ибораи дигар –маҷбурӣ….зимнан ҳамон ҷанг аст. Фақат дар либоси фиреб….Ба мисли он ки, масалан, нафаре дар масҷид, ё худ дар ягон меҳмонхона аз адлу инсоф бо сӯзу гудоз сухан ронда, бадар рафтан замон беинсофӣ мекунад” (Саттор Турсун, “Зимистони умр” , Душанбе “Адиб”, 2006, саҳ. 345).

Дар остонаи 30-солагии истиқлолияти Тоҷикистон моро зарур аст, ки фирефтаи дасисаҳои  сиёсӣ нашуда, баҳри ободии Ватани азизи худ саъю кӯшиш намоем. Камонро як сӯ гузошта на бо забони силоҳ, балки бо ҳарфи мусолиҳатомез аз пос доштани сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон муколамаи сиёсӣ намоем.

 

М.Фозилзода 

Ректори донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон

Шарҳ гузоред

Суроғаи мактуби электронии Шумо паҳн нахоҳад шуд. Марзҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора карда шудаанд

19 − ҳашт =