Лаънат ба Иқболи бешараф

Тарбия намудани фарзанд дар роҳи одаму одамгарӣ ва рост ин вазифаи ҳар як волидайн мебошад ва агар волидайн ин рисолати худро иҷро накунанд, он вақт вой бар ҳоли фарзанд мешавад. Зеро аксаран фарзандони бетарбия доғ барои ҷомеа мешаванд. Филми ҳуҷҷатии “Бешарафӣ” низ аз кирдору номатлубу норавои як падар қисса менамояд, ки аз сабаби бетарбиягияш ва фиребкориву ҳаққи мардумхӯрияш фарзандаш даст ба амалҳои зишту нораво задааст, ки ин дар ҳақиқат бешарафӣ мебошад.
Он чӣ дар бораи Муҳаммадиқболи Садриддини бетарбия ва хоину бешараф дар ин филм гуфта шуд, ифшосозии паҳлӯи ҳаёти як хоин ва ҷосусу ватанфурӯш мебошад, ки аз сабаби молпарастиву мардумфиребии волидайнаш ба чунин рӯз расидааст.
Офарин ба синамоофарони кишвар, ки чунин филми хубу муҳим ва заруриро офаридаанд. Чунин филҳо бояд бештар таҳия карда шаванд.
Насриддинов Шаҳбоз, омӯзгори Донишкадаи
кӯҳию металлургии Тоҷикистон