Конфронси илмӣ-амалӣ: “Фаъолияти илмӣ-инноватсионии насли истиқлол”

Конфронсро нахуст ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба паҳлӯҳои фаъолияти илмӣ ва инноватсионии олимону пажӯҳишгарон дар даврони истиқлолият сухан гуфт. Баъдан, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо маърӯза хонд. Сипас, омӯзгорону пажӯҳишгарон ва як қатор аспирантону магистрон роҷеъ ба мавзуоти дар барнома буда, маърӯза хонданд.
Ёдовар мешавем, ки конфронси мазкур дар доираи Рӯзи илми тоҷик аз ҷониби шуъбаи аспирантура ва магистратура гузаронида шуд.


Шуъбаи иттилоот