Қабули шаҳрвандон аз ҷониби ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ

Санаи 23.04.2020 ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ сокини шаҳри Бӯстон Мустонова Лоларо ҷиҳати ҳалли масъалаи шартномаи фарзандаш ба ҳузур пазируфт.
Ректори донишкадаро дар ин қабул муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин, муовини ректор оид ба тарбия дотсент Аминҷонова Мавлуда ҳамроҳӣ намуданд.
Ректори донишкада Б.Маҳмадалӣ арзи шаҳрвандро шунида, ба масъулин дастур дод, ки масъаларо мусбӣ ҳал намоянд.
Ёдовар мешавем, ки қабули шаҳрвандон аз ҷониби ректор ва муовинонаш ҳар ҳафта сурат мегирад ва шаҳрвандон метавонанд, тариқи сабти ном дар шуъбаи умумӣ ва назорат ба қабули шаҳрвандон ҳозир шаванд.
Шуъбаи иттилоот