Конфронс: Масоили об ва ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат

Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон конференсияи илмӣ – амалӣ таҳти унвони ” Масоили об ва ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” баргузор гардид.
Конфронсро нахуст ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба масоили мавҷудаи об ва ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан ронда, ҳалли масоили обро дар ҷаҳон аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як навъ ғамхорӣ ба насли башар ва характери башардӯстии миллат унвон дод.

Сипас, номзади илмҳои техникӣ Давлатов Давлатмаҳмад дар мавзӯи “Ташаббусҳои беназири Пешвои миллат дар Созмонҳои бонуфузи ҷаҳон ҷиҳати самаранок ва оқилона истифода намудани захираҳои об”, Ҳоҷибоев Далер дар мавзӯи ” Истифодаи портали ҷаҳонии базаи омори сифати оби Gemstat дар корҳои илми- таҳқиқотӣ”, номзади илмҳои техникӣ Мирбобоев Шӯҳратҷон дар мавзӯи ” Таъсири обҳои ҳамроҳи нафт ба муҳити атроф ҳангоми коркарди нафту гази Тоҷикистон ҷанубӣ”, номзади илмҳои техникӣ Ашӯров Хайриддин дар мавзӯи “Муҳити барномавӣ барои банақшагирии маҷмӯӣ, идоракунӣ ва ҳифзи захираҳои обии ҳавзаи дарёҳо” баромад намуда, масъалаҳои муҳим ва вобаста ба обро баррасӣ намуданд.

Баромадкунандагон роҷеъ ба аҳамияти таърихии Конфронси оби СММ, ташаббуси глобалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, амалишавии лоиҳаҳои оби тоза, мусоидати Тоҷикистон ба ҷаҳониён баҳри ҳалли масоили об, роҳҳои тозанамоии обҳои гуногуни зеризаминӣ, пешгирии омилҳои ифлосшавии обҳо, истифодаи дурусти захираҳои обҳои табиӣ, истифодаи дурусти шабакаҳои обёрӣ, баланд бардоштани маърифати аҳолӣ, огоҳнамоии шаҳрвандон аз зиёни обҳои ифлос, истифодаи барномаҳои муосири пажӯҳишӣ дар таҳқиқоти масоили обӣ, истифодаи формулаи тозанамоии обҳои шахтавӣ, ҳамкорӣ бо олимони ҷаҳон вобаста ба об, ифтитоҳи марказҳои обшиносӣ, таъсиси гурӯҳи сайёр ҷиҳати пажӯҳиши об дар минтақаҳои дурдаст, таъмини аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ ва дигар масоили муҳим хулосаронӣ намуданд.