Баргузории даври донишкадавии озмуни “Илм- фурӯғи маърифат”

Ба маълумоти донишҷӯён, омӯзгорон ва олимону муҳаққиқон мерасонем, ки санаҳои 6-7-уми апрели соли 2023, соти 14:00 дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон даври аввали озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” (тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2023, №АП-331) ҷиҳати амалисозии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” аз рӯи ҳафт номинатсия баргузор мегардад:
математика (арифметика, алгебра, геометрия);
физика ва астрономия;
химия;
география;
технологияи иттилоотӣ;
Ҳамчунин, санаи 07.04.2023с.  даври озмуни мазкур аз рӯи номинатсияи  ихтироъкорӣ ва навоварӣ дар толори Шӯрои олимон соати 14:00 баргузор мегардад.
Барои маълумоти бештар ба раёсати илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ муроҷиат намоед. (Бинои 2, утоқи 9)
Ғолибони озмун бо ифтихорномаву туҳфаҳо қадрдонӣ карда мешаванд!