Комиссияи интиқол ва барқарори донишҷӯён ба кори худ оғоз бахшид

Тибқи ҷадвали тасдиқгардида имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон комиссияи интиқолу барқарори донишҷӯён ба кори худ оғоз намуд, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот аз котиботи муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин иттилоъ доданд.

Ҳамакнун, тибқи дархости донишҷӯён ва аризаву муроҷиатномаҳои ирсолшуда дар факултетҳои донишкада бо ширкати раиси комиссия профессор Насриддинов З.З. ва дигар аъзоёни комиссия кор шурӯъ гардид ва феълан баррасии аризаҳо дар факултетҳои корҳои кӯҳӣ идома дорад.

Ба маълумоти донишҷӯён мерасонем, ки онҳое, ки мехоҳанд ба ин ё он факултет ва ихтисос интиқол ёбанд, ба унвонии раёсати донишкада тариқи ариза ба шуъбаи умумӣ ва назорат муроҷиат намоянд.

Барои огоҳ гардидани донишҷӯён  ва маълумоти пурратар ҷадвали рӯзҳои кории комиссияро дар зер меоварем.

Шуъбаи иттилоот