Муассисаи давлатии Коллеҷи кӯҳии ба номи С.Юсупова дар назди Донишкадаи куҳию металлургии Тоҷикистон яке аз коллеҷҳои маъруфи кишвар буда, 30 майи соли 2008 аз Техникуми геологӣ ва маъдани ба номи С. Юсупова ба МД Коллеҷи кӯҳии ба номи С.Юсупова табдил дода шудааст. Муассиси ин боргоҳ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдори он Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар коллеҷ 113 нафар устодон аз ҷумла 1 нафар профессор, 6 нафар номзадҳои илм ва 16 нафар аълочиёни маориф фаъолият мекунанд.
Коллеҷи куҳии ба номи С.Юсупова дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дорои 3 факултет: – факултети геология, факултети куҳкорӣ ва факултети иқтисодиёти саноати куҳӣ буда, аз 11 кафедра, аз ҷумла – кафедраи истихроҷ ва тоза кардани маъдан, кафедраи геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок, кафедраи топография ва корҳои маркшейдерӣ, кафедраи геоэкология, кафедраи менеҷменти соҳавӣ, кафедраи иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот, кафедраи фанҳои табиӣ-риёзӣ, кафедраи забонҳо, кафедраи фанҳои ҷамъиятшиносӣ, кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ ва кафедраи системаи иттилоотӣ-географӣ иборат аст. Донишҷӯён аз рӯи ихтисосҳои амалкунандаи коллеҷ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба таълим фаро гирифта шудаанд.
