Китобҳои нав барои геологҳои Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Бо китоб таъмин намудани донишҷӯён аз вазифаҳои аввалиндараҷаи муассисаи таълимӣ мебошад ва ҳамин аст, ки ҳамарӯза ба китобхона китобҳои нави таълимӣ ворид карда мешаванд. Ду китоби нави дигар барои омӯзиш ба донишҷӯёни факултаҳои геология бо номҳои “Хариташиносӣ бо асосҳои топография”  ва “Геокимиё” ба китобхонаи илмӣ-электронии донишкада оварда шуд, мегӯяд директори китобхонаи мазкур хонус Танжихолова Шаҳнозабону.

Муаллифони китоби “Хариташиносӣ бо асосҳои топография”  Б.А. Алидодов., И.С. Оймуҳаммадзода., Ҷ.Н. Фозилов мебошанд, ки аз ин китоб ба донишкада 20 нусха  аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон харидорӣ гардидааст.

Муаллифони китоби “Геокимиё”  Алидодоа Б.А. ва Давлатшоева Ҷ.А. мебошанд, ки аз ин китоб ба китобхонаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон  50 нусха аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон харидорӣ гардидааст.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки китобҳои мазкур барои омӯзиши  донишҷӯён ва магистрони самтҳои геология равона карда шудааст ва мавҷуд будани чунин китобҳои тозанашр бо забони давлатӣ фазои холиро пурра мегардонад.

М. Сайидзода