КАБИРИИ ХОИН ВА НАЙРАНГУ МАКРИ НАВБАТИЯШ

Ҷомаи сиёҳро аслан онҳое бадар мекунанду дар сари рӯймоли сиёҳ кашид, ки мотам дошта бошанд. Ҳоло бо расидани баъзе хабарҳо маълум шуд, ки имрӯзҳо дар Аврупо раиси ТТЭ ҲНИ М.Кабирии хоин ва террорист ҳамин гуна либоси сиёҳ ба тан карда, мотам гирифтааст. Зеро чанд соли охир ҳама найрангу макри наҳзатӣ фош шуд. Чеҳраи аслии наҳзатиён барои ҷомеа аён гардид ва дигар наҳзатиён натавонистанд, ки назарфиребӣ кунанду иғвобарангезӣ намоянд, насли ҷавонро гумроҳ гардонанд. Ҳақиқати наҳзат ва тамоми душманони миллат ба таври ошкоро аён гардид. Ҷомеа фаҳмид, ки наҳзатиён бозичаи дасти душманони миллати мо, хоҷагони хориҷияшон ҳастанду бар алайҳи истиқлолият ва арзишҳои миллии мо мубориза мебаранд. Ва ҳамин тавр, наҳзатиёни хукмиҷоз ва ҳайвонсират ба Аврупо кӯч бастанду дигар аз он ҷо истода бар алайҳи миллат тавтеа меандохтанду тухми фитна корид. Лек ин ҳам дер давом накард ва зуд маълум гардид, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ ҳамон ба ном ҳомиёни дину дар асл террорист, ки имрӯз дар интернет аз дину шариат сухан мегуфтанд, маълум гардид, ки авбошу қаллоб ва зинокору найрангбозу фиребгар будаанд.  Дар Аврупо сукунат варзиданду чандин сомонаи интернетӣ фаъол сохтанду ҷавононро бар ифротгароӣ тарғиб карданд, наҳзатиёни террорист ва фашист. Аммо ин ҳам дер давом накарду ҳам зинкориву хоиниву хиёнаткории М. Кабирии палид ва ҳам қаллобиву фиребгарии М. Садриддин ҳамон воиз ва домуллоқаллоби наҳзатӣ ошкор шуд ва бо ҳамин дигар ниқоби наҳзатиёни манфур шикаст, пардаи асрори наҳзатиён бидарид ва маълум гардид, ки наҳзатиёни террорист кистанду чӣ нақшаву нияти ғаразнокеро дар сар мепарваранд.

Вақте, ки худи М. Кабирӣ раиси ТТЭ ҲНИ ҳамон ҳизби ба ном мудофеи арзишҳои динӣ даст ба зинокориву бевабозӣ мезанад, дигар аз боқимондаҳо чӣ гила?

Ҳамчунин, дар қиболи ҳаводиси охир, ки ахбори кишварҳои исломӣ бештар аз он мегуфтанду амалҳои таҳқири паёмбари мусалмононро маҳкум менамуданд на раиси ТТЭ ҲНИ М. Кабирӣ ва на Муҳаммадиқболи Садриддин муллои қаллоб ва на дигар наҳзатиёни манфур, ки худро ҳомии дину мазҳабу шуриат вонамуд мекарданд, садо набароварданд ва бори дигар маълум шуд, ки наҳзатиёни террорист фақат аз дин сӯистифода мекардаанду халос.

Оё пас аз ин мешавад наҳзатиёнро, ҳизби террористияшонро ҳомии дин номид?

Ҳаргиз! Ин ҳама аз он шаҳодат медиҳад, ки сардори ТТЭ ҲНИ ва ҳам дигар наҳзатиёни манфур ба ҷуз сӯистифода аз дину шариат, дигар мақсаду мароме ҳам надоранду фақат барои гумроҳ сохтани ҷомеа вонамуд месозанд, ки ҳизби диниянду аз арзишҳои динӣ ҳимоят мекунанд. Лек дар асл бошад, душмани дину мазҳаб ва тамоми насли инсоният мебошанд.

Дин фақат ҳамчун василаи қаллобиву фиребдиҳӣ ва найрангу макр аз ҷониби наҳзатиёни террорист ва хоин истифода мешаваду халос. Зеро солҳои 90-ум низ наҳзатиёни манфур ва хоин сарварони ТТЭ ҲНИ дар кишвар ҷанги шаҳрвандиро ташкил карданду бо сӯистифода аз номи дин мардумро гумроҳ сохтанду сарсон намуданд, ки дар натиҷа фақат шаҳрвандони бегуноҳ зарар диданду зиёда аз 160 ҳазор нафар ба шаҳодат расидаанд, ки аслаш ҳамин гумроҳии ҷомеа буд. Яъне шинохти дуруст надоштан аз манфиатҳо ва мақсадҳои зиддимиливу зиддиконститсионии наҳзатиёни инсонбадбин сабаб шуд, то мардум фирефтаи сафсатаҳои наҳзатиён гарданд.

Дар интиҳо ҳамин қадар ишора менамоем, ки ҳам дирӯз ва ҳам имрӯз фаъолияти ТТЭ ҲНИ бар алайҳи миллати тоҷик ба роҳ монда шудаасту ТТЭ ҲНИ як лоиҳаи террористӣ барои аз байн бурдани мустақилияти кишвар, озоду осоиштагии мардум ва аз байн бурдани давлати миллии тоҷикон мебошад ва бояд ҳар як насли ҷавон ин фаъолияти душманонаи наҳзатиёнро донаду фирефтаи суханони бемантиқи онҳо нагардад.

Дилмуроди Вафо

таҳлилгар, ДКМТ