КАБИРӢ БӮҚАЛАМУНЕ АЗ ПАРТОВГОҲИ ОХУНДҲОИ АҶНАБӢ

Инсонро бо як ҳолнома ва он хислатномаи коғазӣ шинохтан номумкин аст, зеро ҳастанд афроде, ки дар ҳолномаи худ куллан чизи дигар менависанду дар асл бошад, куллан ба дигар кор машғуланд, ки ин ҳолат аллакай шубҳаро пайдо мекунад. Нисбати раиси ТТЭ ҲНИ М. Кабирии террорист,  ҳам мо зуд хулоса бароварда наметавонем. Чунки ин ҷо чанд далел ё умумиятҳое ҳаст, ки мо бояд нахуст ба он таваҷҷуҳ бикунем ва сипас хулосабардорӣ намоем.

Якум, ин ки М. Кабирии террорист, роҳбари ташкилоти террористӣ мебошад, ки фаъолияташро доим пинҳон медошту бештар ҳамчун ҳомии дин ҳизби террористияшро муаррифӣ мекард ва аз ҷониби дигар ТТЭ ҲНИ худ мактаби ҳиллаву найранг ва макр мебошад, ки ин чиз боз ҳолномаи М. Кабириро дигартар мекунад.

Дуюм, М. Кабирии хоин ҷосуси хоҷагони хориҷияш асту барои манфиати хоҷагонаш аз ягон роҳ намегардаду ҳатто омодааст, то  зану фарзандашро ҳам аз барои пул ба касе бифурӯшад.

Сеюм, М. Кабирии хиёнаткор  аслан намояндаи созмони террористии “Ихвон-ул муслимин” дар Осиёи Миёна мебошаду расман ҳамчун террористӣ бадкеш ва палиду бераҳм дар ин кишварҳои Осиёи Марказӣ  шинохта шудааст.

Чаҳорум, М. Кабирии палид идомадиҳандаи нақшаву нияти  роҳбарони қаблии ТТЭ ҲНИ, яъне душманони аслии миллати тоҷик мебошад, ки бештар мехоҳад истиқлолияти Тоҷикистони муқаддас аз байн равад.

Панҷум, М. Кабирии маккор ва ҳиллагар фоҳишаву зинокор мебошад.

Акнун дилхоҳ инсони  солимандеша ва боақл метавонад, таҳлил кунаду бигӯяд, ки М. Кабирии палид кисту барои кӣ муздурӣ мекунад?

Маълум мешавад, ки шурӯъ аз раиси ТТЭ ҲНИ то дигар аъзоёни раёсату тарафдоронаш ҳамаашон бар зидди миллат будаанду мақсадҳои нопок ва ғаразнок доштаанд. Худи ҳамин наворҳои нашршуда дар бораи фаъолият ва амалҳои зишти раиси ТТЭ ҲНИ М. Кабирӣ аллакай возеҳу равшан ошкор месозад, ки наҳзатиён аз дин ва шариат фақат ба хотири манфитаҳои худашон истифода мекунанду дар асл бошад душмани дину мазҳаб мебошанд. Зеро дар куҷо навишта шудааст, ки марди мусалмон зино кунад, ҳаромхӯрӣ кунад?

Дин зиноро мамнӯъ кардааст, аммо раиси ТТЭ ҲНИ (М. Кабирии хоин) ҳамон ташкилоте, ки раисону аъзоёнаш худро ҳомии дину мазҳаб муаррифӣ мекарданду вонамуд сохт, ки мусалмонанд, зинокорӣ мекунад ва ҳатто нисбати зан беэҳтиромӣ мекунад, ки ин бар хилофи нишондодҳои динӣ мебошад ва ҳам бар хилофи арзишҳои демократӣ мебошад. Пас М. Кабирии террорист ва хоин кист?

Албатта, террористу хоин ва лухтаке дар зери ниқоб, ки бо фармони хоҷагони хориҷияш, ҳамон сармоягузорони ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳамон қотилони равшанфикрони тоҷик, ҳамон душманони миллати тоҷик гоҳ худро ҳомии арзишҳои динӣ меҳисобаду гоҳ демократ, аммо дар асл бошад, М. Кабирӣ палиди мазҳабфурӯш ва хиёнаткору маккор ва бӯқаламун аст.

Аҳмад Расулзода

омӯзгори ДКМТ