КАБИРИИ ТЕРРОРИСТ-ДУШМАНИ МИЛЛАТИ ТОҶИК!

Тоҷикистон яке аз кишварҳое ба ҳисоб меравад,ки  дар сафи пеши мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир қарор дошта, бо сиёсати устувору хирадмандонаи Пешвои миллат  дар таъмини суботу амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ саҳми ҷиддӣ мегузорад.

Ифротгароӣ ва терроризм – яке аз  зуҳуроти номатлуби замон ба ҳисоб  рафта, мубориза бар зидди ин вабои аср   қарзи ҳар як инсони бонангу ватандӯст  мебошад.

Терроризму экстремизм ва ифротгароӣ ҳамчун вабои аср ва дигар ҳодисҳо  ба оромию амнияти сайёра ва пойдории давлат таҳдиду хатарҳо эҷод карда, ваъзияти орому  осоиш ва ваҳдати халқу миллатҳоро аз байн мебарад .

Бар асари амалҳои террористӣ дар бисёр кишварҳо  одамони бегуноҳ ба ҳалокат расида, шаҳру деҳот ва ёдгориҳои беназири таърихӣ хароб мегарданд.

Ҳамагон  хуб медонем, ки экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки  вирди забонҳо шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Экстремизм (тундравӣ, аз андоза гузаштан) ба терроризм меорад. Истилоҳи «терроризм» аз калимаи лотинии «tеrrоr» маншаъ гирифта, маънояш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон касоне мебошанд, ки манфиатҳои шахсии хешро аз манфиатҳои давлату ҷомеа боло гузошта, мехоҳанд мақсаду мароми нопоки худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан ин ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.  Мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва дигар таҳдидҳои замони муосир яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати дохиливу хориҷии он мебошад. Бояд гуфт, ки имрӯз барои муборизаи муштарак бар зидди терроризм ва экстремизм санадҳои байналмилалӣ қабул ва мавриди амал қарор доранд.

 

Имрӯзҳо, дар сорасари олам душманони миллати тоҷик, хоинони бадкеш талош мекунанд, то мақоми кишвари моро дар арсаи байналмиллалӣ коҳиш диҳанд ва ҳамин аст, ки ҳамарӯза аъзоёни Ташкилоти террористӣ-экстремистии собиқ Ҳизби наҳзати ислом  дар шабакаҳои иҷтимоӣ ахбори бардурӯғ ба нашр расонида, талош мекунанд, то ғояи нодурустро дар мафкураи ҷавонон ворид созанд, ки ин хиёнати рӯирост бар миллат мебошад.

Дар саргаҳи ҳамаи ин хиёнатҳо душмани ашадии миллати тоҷик, хоин ва террористи бешараф Кабирӣ меистад, ки мақсаду маромаш пиёда намудани аҳдофи душманонаи хоҷагони хориҷияш бар  миллати тоҷик мебошад.

Кабирии террорист ва хоин аз зумраи он нафаронест, ки бештар кӯшиш мекунад, то ҷомеаро ба роҳи нодуруст роҳнамоӣ кунад ва мақоми тоҷиконро дар арсаи байналмиллалӣ коҳиш диҳад, ки ин амали душманона мебошад. Аз ин рӯ, бояд ҷавонони мо аз ин амали душманону дасисабозони наҳзатӣ огоҳ гарданду худро аз ин гуна фитнаандозон эмин нигоҳ доранд.

Хулоса, Кабирӣ аз виҷдонфурӯхтатарин афродест, ки ба хотири ба даст овардани шаурмапӯлӣ омодааст, ҳатто зану фарзандашро ба зери пойи хоҷагони хориҷияш гузорад. Чунки инсони виҷдонфурӯхта ва беномус  ҳаргиз виҷдони солим дошта наметавонад ва ҳамеша ғуломи хоҷагони хориҷияш, ки душмани миллати тоҷик ҳастанд, боқӣ мемонад.

Холбоев Рафиқҷон

Муовини декани факултети корҳои кӯҳӣ