Ташрифи муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Лутфия Абдухолиқзода ба Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Имрӯз ба Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Лутфия Абдухолиқзода ташриф оварда аз шароити таълиму тарбия ва озмоишгоҳҳо шинос гардид.
Муовини вазирро ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ истиқбол намуда, бо дастовардҳои донишкада шинос намуд. Сипас, Абдухолиқзода Лутфия аз китобхонаи илмӣ-электронӣ, озмоишгоҳи вертуалии кафедраи фанҳои табиӣ- илмӣ, озмоишгоҳи об, озмоишгоҳи химия ва охмоишгоҳҳои кафедраи металлургия ва ҳамзамон аз Донишкадаи Конфусий боздид ба амал оварда, бо масъулон мулоқот кард.
Дар интиҳо муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Лутфия Абдухолиқзода ба ректори донишкада ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот, ҳамкорӣ намудан бо корхонаҳои саноатӣ, ҷори намудани системаи дуалии таҳсил, густариши ҳамкориҳо бо донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ ва ҷоннок намудани кори гурӯҳҳои тарғиботӣ дар маъракаи “Довталаб-2023” дастуру супоришҳо дод.