Ифротгарои –кирдори разилон

Мардуми тоҷик дар атрофи Пешвои миллат, асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гашта, барои расидан ба қуллаҳои баланди сулҳу субот ва амнияту шукуфоии Ватани азизамон – Тоҷикистон пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Дар ин ҷода ҷавонон низ, ки ояндаи миллатанд, ҳиссаи худро гузошта истодаанд.
Вале дар ҷомеа нафароне низ ҳастанд, ки пешравию шукуфоии кишвари азизамонро дидан нахоста, таҳдидҳоро ба миён оварда, бехатарию субот ва осудагии кишварро халалдор мекунанд.
Боиси таассуф аст, ки бархе аз ҳамватанон бо кӯмаки аҷнабиён ва шахсони маълум барои ноором кардани вазъияти дохилии кишвар ищтирок намуда, задухӯрдҳои мусаллаҳонаро амалӣ карда, ба номи миллати тоҷик ва наздикону пайвандонашон доғ меоранд, волидайн ва аҳли байти хешро дар назди халқу миллат сархаму шарманда месозанд.
Яке аз сабабҳои ба ин гурӯҳҳои тундрав шомил гаштани мардум, алалхусус ҷонон ин нокифоя будани дониши илмиву дунявӣ, сиёсӣ ва номукаммал фаҳмидани дин аст.
Агар шахс дар ҳадди зарурӣ дониши илмиву дунявӣ ва ё фаҳмиши мукаммали динӣ дошта бошад, ҳеҷ гоҳ мутеи фикру ақидаҳои дигарон нахоҳад шуд.
Терроризм – ин изњори фаъолияти ифротии шахсони њуќуќї ва воќеъї ба нооромї, дигаргунии сохти конститутсионї дар давлат, ѓасби њокимият ва тасарруфи салоњияти он, ангезонидани наљотпарастї, миллатгарої, бадбинии иљтимої ва мазњабї мебошад.
Дар ҶТ экстремизми динї дар даврањои сукути давлати бузурги шўравї пайдо гардид. Аз байн рафтани идеологияи коммунист ва пош хўрдани њокимияти шўравї дар љањон дигаргунињои куллиро ба миён овард, аз љумла дар шуури одамон дигаргунињои сиёсию иљтимоии замона низ таѓйир ёфт.
Соли 1990 аввалин маротиба аз љониби ќуввањои исломгарої тазоњуроти њизбу љунбишњои нав зери ниќоби нерўи демократия, радикализми сиёсї доир гардид.Тољикистон дар баробари дигар давлатњои ИҶШС соњибистиќлолии худро 9-сентябри соли 1991 ба даст овард, вале аз рўзњои аввали ба даст овардани истиќлолият давлати љавон аз тарафи душманони дохилї, мухолифини тољик ва аљнабиёни хориљї ба љанги щањрвандї кашида шуд. Дар натиља ҶТ ба як кишвари бесару парешон, пур аз низоъ ва вайрону фалаљ мубаддал гардид.Нерўи нињої ва њаракатдињандаи њамаи њизбу љунбишњои навбаромад, њизби мухолифин буд, ки чандин сол пештар дар ќаламрави ҶТ пинњонї амал мекард. Аммо муддате нагузашта, аз оѓоз ба гирдињамоию зуроварињо сар карда, бо вазнин гардидани вазъият хоки ватанро тарк намуда ба дигар давлатњои исломї паноњ бурданд, ки як ќисми сокинони кишвар аллакай дар оташи љанг аз хонаву дари худ мањрум гашта, маљбур ватани аљдодиашонро тарк карда, ба гўшањои давлатњои њамсоя њамчун гурӯза сафар намуданд.
Дар хориљи кишвар ќисмати њарбии мухолифин бо љараёну созмонњои ифротї робита пайдо намуда, як ќисмати онњо дар марказњо ва бошишгоњњои динї-экстримистї њамчун гурўњњои террористї амал мекунанд.
Хулоса, террористон ба пешравии давлати мо монеъ мешаванд. Ва њаёти мардуми ободу осоиштаи кишварро халалдор месозанд.
Ба мо омўзгорон ва дигар фаъолони чомеа зарур аст, ки дар маљрои љањоншавї бо дарки масъулият истиќлолияти худро на танњо бо шиору гуфтор ситоишу парастиш, балки бо мењнати софдилона ва самимї дар њама соњањо тањким бахшем, бепарво ва бемасъулият набошем ва барои таълиму тарбияи наврасон , љавонон дар рўњияи ватандўстї, худогоњиву ободкорї њифзи дастовардњои истиќлолият, тањким бахшидани арзишњои миллї сањмгузор бошем.

Мудири кафедраи забони давлатӣ ва забонхои хориҷӣ Тоҷибоева М. И.