ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАСОРВАРДИ БУЗУРГИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Боиси ифтихор аст, ки имсол мо 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои сулҳу ваҳдат ва орому осоиштагӣ ва созандагӣ истиқбол мегирем. Қайд намудан лозим аст, ки истиқлолият барои мо аз волотарин муқаддасот ва арзишмандтарин неъмат ба ҳисоб меравад. Зеро танҳо давлати соҳибистиқлол метавонад роҳи рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худро мустақилона интихоб намояд, манфиатҳои миллии худро ҳифз кунад ва барои ояндаи шоистаи шаҳрвандони худ заминаи устувор гузорад. Барои миллати тоҷик низ истиқлолият яке аз бузургтарин дастовардҳои таърихӣ ба шумор меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 9-уми сентябри соли 1991 ба истиқлолияти давлатӣ расид ва ин рӯйдоди муҳим дар таърихи навини халқи тоҷик саҳифаи тозаеро боз намуд.
Истиқлолият ба мардуми шарифи Тоҷикистон имконият дод, ки давлатдории миллии худро таҳким бахшанд, арзишҳои таърихию фарҳангии худро эҳё намоянд ва ҳамчун давлати мустақил дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи муносиб пайдо кунанд. Имрӯз, истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як шаҳрванди соҳибандеша рамзи озодӣ, худшиносӣ, ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ мебошад.
Набояд фаромӯш кард, ки тоҷикон яке аз халқҳои қадимтарини Осиёи Марказӣ ҳастанд ва таърихи миллати тоҷик аз давраҳои хеле қадим оғоз ёфта, бо фарҳанги бой, забони пурғановат, адабиёти бузург ва анъанаҳои созандаи худ алоқаманд аст. Дар тӯли таърих фарзандони фарзонаи миллат барои ҳифзи забон, фарҳанг, арзишҳои миллӣ ва давлатдорӣ саҳми бузург гузоштаанд.
Ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ барои мо тоҷикон имконияти нав фароҳам овард, то дар заминаи таъриху фарҳанги миллӣ давлати муосири худро бунёд намоем. Истиқлолият ба мо ҳуқуқ дод, ки мустақилона роҳи рушди давлатро муайян кунем, қонунҳои худро қабул намоем, сиёсати дохиливу хориҷии хешро пеш барем ва манфиатҳои миллиро дар арсаи байналмилалӣ ҳимоя намоем.
Албатта, солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи осон набуд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба ҳаёти ҷомеа таъсири манфӣ расонида, ба иқтисодиёт ва суботи кишвар зарари ҷиддӣ ворид кард. Дар чунин шароити душвор вазифаи асосӣ барқарор намудани сулҳу ваҳдат, таҳкими давлатдорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии осоиштаи мардум буд.
Бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот дар кишвар барқарор гардид. Дар ин ҷода хидмати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят бузург мебошад. Ваҳдати миллӣ ҳамчун яке аз дастовардҳои муҳими даврони истиқлолият ба таҳкими давлатдорӣ ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон замина гузошт.
Истиқлолият бе сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ пойдор буда наметавонад. Аз ин рӯ, дар таърихи навини Тоҷикистон ба даст овардани сулҳ ва ризоияти миллӣ аҳамияти махсус дорад. Ваҳдати миллӣ имкон фароҳам овард, ки ҷомеа аз низоъҳои дохилӣ раҳо ёфта, ба корҳои созандагиву ободонӣ рӯ оварад.
Сулҳ барои мардуми тоҷик танҳо набудани ҷанг нест. Сулҳ имконияти таҳсил, меҳнат, бунёдкорӣ, зиндагии осоишта ва тарбияи насли наврас дар муҳити солим мебошад. Бо фароҳам омадани фазои сулҳу субот дар кишвар сохтмони роҳҳо, мактабҳо, беморхонаҳо, корхонаҳо ва дигар иншооти муҳими иҷтимоию иқтисодӣ вусъат гирифт.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои гуногун ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Дар кишвар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, иқтисод, энергетика, нақлиёт, фарҳанг ва варзиш тадриҷан рушд карданд.
Яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ рушди соҳаи маориф мебошад. Сарвари маорифпарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф бениҳоят ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Дар ин давра бунёди мактабҳои нав, таъмиру таҷдиди муассисаҳои таълимӣ, зиёд шудани имкониятҳои таҳсил ва таваҷҷуҳ ба ҷавонон барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа мусоидат намуд. Ҷавонон ҳамчун неруи созандаи ҷомеа бояд дониш омӯзанд, касбу ҳунар аз худ кунанд ва дар рушди Ватан саҳми арзандаи хешро гузоранд.
Ин нуктаро набояд фаромӯш кард, ки яке аз муҳимтарин паҳлуҳои истиқлолият эҳёи арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ мебошад. Забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ мақоми хос пайдо намуда, барои рушду густариши он шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Таъриху фарҳанги миллӣ, ҷашну суннатҳои мардумӣ ва осори бузургони адабиёти тоҷик бештар омӯхта ва тарғиб карда шуданд.
Дар ин даврон ба мероси фарҳангии ниёгон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Осори шахсиятҳои бузурги илму адаби тоҷик, аз ҷумла Абӯалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Умари Хайём, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ ва дигар фарзандони барӯманди тамаддуни форсу тоҷик барои насли имрӯза бештар дастрас гардид.
Ҳамзамон, ҷашнҳои миллӣ, аз қабили Наврӯз, ҳамчун ҷузъи муҳими фарҳанги мардумӣ бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил карда мешавад, ки ин самараи истиқлол ва озодӣ мебошад.Наврӯз дар худ ғояҳои дӯстӣ, эҳтироми табиат, меҳрубонӣ ва созандагиро таҷассум менамояд. Эҳтиром ба фарҳанг ва таърихи миллӣ ҳисси худшиносӣ ва ифтихори шаҳрвандиро таҳким мебахшад.
Мустақилияти боис гардид , ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ворид шавад. Кишвари мо бо давлатҳои гуногуни ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор карда, узви созмонҳои байналмилалӣ гардид. Тоҷикистон имрӯз ҳамчун давлати соҳибихтиёр манфиатҳои худро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ мекунад.
Яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон масъалаҳои марбут ба об, ҳифзи муҳити зист, мубориза бо тағйирёбии иқлим ва таҳкими сулҳу амният, зеҳни сунъӣ мебошад. Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об нишон медиҳанд, ки кишвари мо барои ҳалли масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ низ саҳм гузошта метавонад.
Шинохта шудани Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боиси боло рафтани эҳсоси ифтихори миллии шаҳрвандон мегардад. Ҳар як дастоварди варзишгарон, олимон, фарҳангиён ва дигар намояндагони кишвар дар сатҳи байналмилалӣ номи Тоҷикистонро баланд мебардорад ва ҳамаи барои мо дар замони истиқлол ба даст омад.
Ҷавонон ояндаи ҳар як давлат ва миллат мебошанд. Дар Тоҷикистон низ ба масъалаи таълиму тарбия ва рушди ҷавонон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад. Имрӯз ҷавонони тоҷик дар соҳаҳои гуногун — илм, маориф, тиб, технология, варзиш, фарҳанг ва иқтисод — фаъолона иштирок мекунанд.
Қайд намудан лозим аст, ки ҷавонони замони соҳибистиқлолӣ бояд пеш аз ҳама худшинос, ватандӯст, донишманд ва масъулиятшинос бошад. Дӯст доштани Ватан танҳо бо сухан маҳдуд намешавад. Муҳаббат ба Ватан бояд дар рафтору кирдор, омӯзиши хуб, меҳнати ҳалол, эҳтироми қонун ва саҳм гузоштан дар ободии кишвар зоҳир гардад.
Дар замони рушди босуръати технология ва ҷаҳонишавӣ ҳифзи арзишҳои миллӣ аҳамияти бештар пайдо мекунад. Ҷавонон бояд аз дастовардҳои илму техника самаранок истифода баранд, забонҳои хориҷиро омӯзанд ва дар баробари ин забон, таърих ва фарҳанги миллии худро хуб донанд.
Истиқлолият дастоварди бузург аст, аммо ҳифз ва таҳкими он масъулияти доимии ҳар як шаҳрванд мебошад. Барои пойдории давлати соҳибистиқлол пеш аз ҳама сулҳу ваҳдат, қонуният, эҳтироми ҳуқуқи инсон, меҳнати созанда ва ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ зарур мебошад.
Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дарк кунад, ки ободии Ватан аз фаъолияти ҳар яки мо вобаста мебошад. Агар мо хуб таҳсил кунем, бо виҷдон меҳнат намоем, табиатро ҳифз кунем, қонунҳоро риоя намоем ва ба арзишҳои миллӣ эҳтиром гузорем, дар пешрафти мамлакат саҳми худро гузошта метавонем.
Истиқлолият ба мо имконият медиҳад, ки ояндаи худро худамон созем. Аз ин рӯ, мо бояд ин неъмати бузургро қадр кунем ва барои наслҳои оянда ҳамчун мероси муқаддас нигоҳ дорем.
Гуфтан зарур аст, ки истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик воқеан ҳам дастоварди бузурги таърихӣ ва шонаи нав мебошад. Он ба халқи тоҷик имконият дод, ки давлатдории миллии худро таҳким бахшад, фарҳанг ва забони худро рушд диҳад, дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати мустақил муаррифӣ шавад ва роҳи рушди худро интихоб намояд.
Имрӯз, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сулҳу субот ва меҳнати созандаи мардум ба сӯи ояндаи беҳтар қадам мегузорад. Ҳар як мактаби нав, роҳу корхонаи сохташуда, дастоварди илмӣ, фарҳангӣ ё варзишӣ ба пешрафти кишвар ва таҳкими истиқлолият мусоидат мекунад.
Истиқлолият барои мо танҳо як санаи таърихӣ нест. Он рамзи озодӣ, худшиносӣ, соҳибихтиёрӣ ва масъулияти миллӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як фарди ватандӯст бояд истиқлолиятро чун арзиши муқаддас эҳтиром намояд, сулҳу ваҳдатро ҳифз кунад ва барои ободии Тоҷикистони азиз саҳми худро гузорад.
Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки ояндаи Ватан дар дасти худи мост. Агар насли имрӯз бо дониш, меҳнат, ватандӯстӣ ва ҳисси баланди масъулият зиндагӣ кунад, Тоҷикистон метавонад боз ҳам ободу пешрафта гардад. Истиқлолият неъмати бузургест, ки онро бояд бо меҳнати ҳалол, ваҳдат ва созандагӣ таҳким бахшем.
35-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷовидон бод!
35-солагии пирӯзии миллат хуҷаста бод, ҳамватанони арҷманд!
Шамсиддинов ШУҲРАТ
декани факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нави Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон