ИСТАРАВШАНӢ ҲАРФИ БЕБУНЁД МЕЗАНАД

 Мардуми Тоҷикистон маҳз ба шарофати истиқлолияту соҳибихтиёрӣ ба эҳёи суннату анъанаҳои неки гузашта ва таҷлили иду маросим ва анъанаву суннатҳои милливу динӣ муяссар гардиданд. Ва ҳар ҷашну маросим ва суннати неки аз ниёгон ба ёдгормонда, ки аз умқи таърих бо беҳтарин хислату арзишҳои инсонӣ ва ҳамроҳ бо рӯҳи устувори миллатамон то ба рӯзгори мо расидааст, нишонаи фарҳанги пурғановат ва рамзи орзуву ормонҳои халқи бостониву фарҳангсолорамон мебошад.   Мусулмонони кишвари мо, ки пайрави мазҳаби муътадилу таҳаммулгарои ҳанафӣ мебошанд, ба дини мубини ислом ва суннатҳои он ҳамчун нишонаи имондорӣ, василаи покии маънавӣ ва одобу ахлоқи ҳамида арҷ мегузоранд. Мо ҷонибдори низоми ҷаҳонии одилона, бидуни ҷангу низоъ, густариши ҳамкориву шарикии баробар ва судманди ҳамаи кишварҳои олам, таъмини амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бо роҳи созишу муколамаи созанда бар асоси Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид мебошем.

Вақтҳои охир сару садоҳое баланд мешаванд, ки гӯё мо  дар сиёсати давлатии худ арзишҳои дунявиро  пеш гирифта,  исломхароси дорем.

Мо устодони Донишкадаи кӯҳӣ- металлургии Тоҷикистон аз нигоштаҳои Саидюнуси Истаравшанӣ ба шигифт омада, изҳор дорем, ки ин ҷавонмард бояд шукри  сулҳу салоҳи кишварамонро карда, бо осоиштагӣ зиндагӣ намояд. Муаллифи ин сатрхо низ мусалмон буда, сар ба саҷда дорад.

Ба фикри ин тараф, Худованд ҷаннат ва дузах офарид, ки бандагон ба гуноҳу савоб худ ҷавоб бигӯянд, шайтон офарид, ки бандагон худ ба кадом роҳ рафтанро интихоб намоянд. Дар китоби Нодирулмеъроҷ ҷазои саркашон ба намо оварда шудааст. Ҳар кас роҳи худро интихоб дорад. Сар биҷунбад дил наҷунбад ин чӣ суд. Хитобаҳои ифротгароёна иғвоангез  амали мусалмон хосатан пайрави мазҳаби ҳанафӣ нест. Лекин чи тавре ки дар  мақолаи «Исломҳаросие, ки дар Тоҷикистон ба роҳ афтода натиҷа медиҳад?» бисёр суханони бебунёд омадааст, ки бо хондани  чунин ибораю  ақидаҳо ҳамчун шахси мусулмон ва сокини ин кишвар ба ҳайрат омадам. Масалан сухани «Мо бояд коре кунем, ки дин дар чашми мардум беобрӯ шавад… Коре кунем, ки дар сари минбар одамони бесавод ва муттаҳам бошанд… Дар идома зикри иқтибосро ҷоиз медонам, ки омадааст: «… ҳукумати Тоҷикистон солҳост ба сурати муназзам ва ҳадафманде дар ҳоли эҷоди нафрат дар ҷомеа нисбат ба оини ислом аст. Ин суханон чизе ҷуз эҷоди исломҳаросӣ – он ҳам дар ҷомеае, ки беш аз  90 дарсади шаҳрвандонаш пайрави ойини ислом ҳастанд – намебошад.” Ба ақидаи ин тараф ин суханон иғроқи маҳз аст.  Чунки дар маҷалаи “Дин ва ҷомеа” аз ноябри 2015 (№11, с. 13) профессор А.Ғ.Холиқзода изҳори назар намуда навиштааст:  “Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ ва дунявӣ арзи эҳтироми қонуниро  ба ҳама динҳо, аз ҷумла, ба дини мубини ислом қоил аст. Вазъи озодии эътиқод дар замони шӯравӣ ба ҳамагон маълум буд, дар он рӯгор дар кишвари мо мо ҳамагӣ 17 масҷиди расмӣ фаъолият намуда, ягон муассисаи таълимии динӣ вуҷуд надошт. Дар 72 соли замони шӯравӣ зиёда аз 25 нафар ба хонаи Худо барои адои маносики ҳаҷ сафар карда буданд. Пас аз истиқлолият  ва қабули Конститутсия дар як муддати кӯтоҳ дар кишвари мо зиёда аз 4090 адад иттиҳодияи динӣ, ки аз он 4018 ададашро масҷидҳо ташкил медиҳанд, ба қайд гирифта шудааст.” Ин санадҳо нигоштаҳо дар мақолаи хусуматомез, ки масҷиди  бешуморе дар Тоҷикистон дар чанд соли ахир ба тафреҳгоҳу варзишгоҳ табдил шуда? Мадориси динӣ баста шуда?, ботил месозад.    Дар идомаи мақола омадааст: “Ниҳодҳое ҷиҳати “фаҳмондадиҳӣ”  роҳандозӣ шуда, то афроде аз ин ниҳодҳо дар хиёбонҳо бирезанд ва мутаъарризи (ҳуҷумоваранда- К.А.) шаҳрвандони сатрпӯш шаванд…” Биёед ба ин хитоба ақлона ва бо чашми хирад менигарем, зеро файласуфи маъруфи олмонӣ Фейербах ҳукмронии инсон, ҳукмронии ақлу фиросати ӯст, гуфтааст. Такя ба ин гуфтаҳои  чашми хирад боз намуда менигарем, ки он сатрпӯшон то кадом поя фаризаҳои диниро ба ҷо меоранд ва риоя менамоянд. Аҳли ислом хуб медонанд, ки яке аз 99 номи Худованд саттор аст, яъне аввал пӯшандаи айбҳост. Вале сатрпӯшони муосир (ман ҳамаро дар назар надорам), ба либоси бегона ҳавасманд шуда, сатри сарпӯшидаанд, ки  ғайри оини дини мубини ислом аст, оё гуноҳ нест?! Ҳар як давлати соҳибистиқлол либоси миллии худро дорад, ки онро эҳтиром намуда, мувофиқи  синну сол ба бар намоянд. Дар замони ҷаҳонишавӣ дар сатҳи зарурӣ бояд либос пӯшид. Дар ҷомеаи мутамаддин, демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ  касе касеро дар хонаҳо маҳсур ва аз минбару масҷид маҳрум  накардааст, ҳуқуқашро поймол накардааст. Ман дар синни қариб 70 солаи худ нашунидаам, ки майите бе ҷаноза (ғайри ҳолати мамнӯъ) дафн карда бошанд. Суханони пандомезу  тарбиявӣ гуфтан, усули ватандорӣ омӯхтан, шукри истиқлолу озодӣ намуданро байни насли ҷавон талқин кардан минбару масҷид  тайёр аст. Мо, муҷтаҳид бошем, то ки воқеъаҳои  фоҷеабори солҳои 90-ум такрор нагардад, чи тавре ки файласуфи маъруфи олмонӣ Гегел мегӯяд, ҳама чиз бояд дар таҷриба дониста шавад ва таҷрибаи аз ҷанги шаҳрвандӣ омӯхта, сабақи бузург аст. Ба ибораи Эмпедокл амал бояд намуд, зеро ақлу фиросати инсон баробар бо донишу маърифати ӯ рушд меёбад ва аз ин лиҳоз, бо дониши замони муосир мусаллаҳ бошем. Хизматҳои Сарвари Кабири тоҷикон Эмомалӣ Раҳмонро дар бунёди далати мутамаддин, созандагию бунёдкорӣ, ба кишвари шукуфон табдил кардани кишвари ҷангзадаву сӯхта, коргоҳҳои ғоратшудаю сохтори фалаҷшудаи ҳукуматро созмон додан ношукрӣ маҳсуб мешавад. Кӯчаҳои ободу зебо, биноҳои замонавии бисёрошёна,  макотиби таҳсилоти умумиву болаёқат, ва касбиву олӣ шоҳиди заҳматҳои Сарвари давлат мебошад.

Ба фикри ин тараф, Худованд чаннат ва дузах офарид, ки бандагон ба гуноху савоб худ чавоб бигуянд, шайтон офарид, ки бандагон худ ба кадом рох рафтанро интихоб намоянд. Дар китоби Нодирулмеъроч чазои саркашон ба намо оварда шудааст. Ҳар кас рохи худро интихоб дорад. Сар бичунбад дил начунбад ин чи суд. Хитобахои ифротгароёна игвоангез  амали мусалмон хосатан пайрави мазхаби ханафи нест. Лекин чи тавре ки дар  мақолаи «Исломҳаросие, ки дар Тоҷикистон ба рох афтода натиҷа медиҳад?» бисёр суханони бебунёд омадааст, ки бо хондани  чунин ибораю  ақидаҳо ҳамчун шахси мусулмон ва сокини ин кишвар ба ҳайрат омадам. Масалан сухани «Мо бояд коре кунем, ки дин дар чашми мардум беобру шавад… Коре кунем, ки дар сари минбар одамони бесавод ва муттаҳам бошанд… Дар идома зикри иқтибосро ҷоиз медонам, ки омадааст: «… ҳукумати Тоҷикистон солҳост ба сурати муназзам ва ҳадафманде дар ҳоли эҷоди нафрат дар ҷомеа нисбат ба оини ислом аст. Ин суханон чизе ҷуз эҷоди исломҳаросӣ – он ҳам дар ҷомеае, ки беш аз  90 дарсади шаҳрвандонаш пайрави ойини ислом ҳастанд – намебошад.” Ба ақидаи ин тараф ин суханон иғроқи маҳз аст.  Чунки дар маҷалаи “Дин ва ҷомеа” аз ноябри 2015 (№11, с. 13) профессор А.Ғ.Холиқзода изҳори назар намуда навиштааст:  “Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ ва дунявӣ арзи эҳтироми қонуниро  ба ҳама динҳо, аз ҷумла, ба дини мубини ислом қоил аст. Вазъи озодии эътиқод дар замони шӯравӣ ба ҳамагон маълум буд, дар он рӯгор дар кишвари мо мо ҳамагӣ 17 масҷиди расмӣ фаъолият намуда, ягон муассисаи таълимии динӣ вуҷуд надошт. Дар 72 соли замони шӯравӣ зиёда аз 25 нафар ба хонаи Худо барои адои маносики ҳаҷ сафар карда буданд. Пас аз истиқлолият  ва қабули Конститутсия дар як муддати кӯтоҳ дар кишвари мо зиёда аз 4090 адад иттиҳодияи динӣ, ки аз он 4018 ададашро масҷидҳо ташкил медиҳанд, ба қайд гирифта шудааст.” Ин санадҳо нигоштаҳо дар мақолаи хусуматомез, ки масҷиди  бешуморе дар Тоҷикистон дар чанд соли ахир ба тафреҳгоҳу варзишгоҳ табдил шуда? Мадориси динӣ баста шуда?, ботил месозад.    Дар идомаи мақола омадааст: “Ниҳодҳое ҷиҳати “фаҳмондадиҳӣ”  роҳандозӣ шуда, то афроде аз ин ниҳодҳо дар хиёбонҳо бирезанд ва мутаъарризи (ҳуҷумоваранда- К.А.) шаҳрвандони сатрпӯш шаванд…” Биёед ба ин хитоба ақлона ва бо чашми хирад менигарем, зеро файласуфи маъруфи олмонӣ Фейербах ҳукмронии инсон, ҳукмронии ақлу фиросати ӯст, гуфтааст. Такя ба ин гуфтаҳои  чашми хирад боз намуда менигарем, ки он сатрпӯшон то кадом поя фаризаҳои диниро ба ҷо меоранд ва риоя менамоянд. Аҳли ислом хуб медонанд, ки яке аз 99 номи Худованд саттор аст, яъне аввал пӯшандаи айбҳост. Вале сатрпӯшони муосир (ман ҳамаро дар назар надорам), ба либоси бегона ҳавасманд шуда, сатри сарпӯшидаанд, ки  ғайри оини дини мубини ислом аст, оё гуноҳ нест?! Ҳар як давлати соҳибистиқлол либоси миллии худро дорад, ки онро эҳтиром намуда, мувофиқи  синну сол ба бар намоянд. Дар замони ҷаҳонишавӣ дар сатҳи зарурӣ бояд либос пӯшид. Дар ҷомеаи мутамаддин, демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ  касе касеро дар хонаҳо маҳсур ва аз минбару масҷид маҳрум  накардааст, ҳуқуқашро поймол накардааст. Ман дар синни қариб 70 солаи худ нашунидаам, ки майите бе ҷаноза (ғайри ҳолати мамнӯъ) дафн карда бошанд. Суханони пандомезу  тарбиявӣ гуфтан, усули ватандорӣ омӯхтан, шукри истиқлолу озодӣ намуданро байни насли ҷавон талқин кардан минбару масҷид  тайёр аст. Мо, муҷтаҳид бошем, то ки воқеъаҳои  фоҷеабори солҳои 90-ум такрор нагардад, чи тавре ки файласуфи маъруфи олмонӣ Гегел мегӯяд, ҳама чиз бояд дар таҷриба дониста шавад ва таҷрибаи аз ҷанги шаҳрвандӣ омӯхта, сабақи бузург аст. Ба ибораи Эмпедокл амал бояд намуд, зеро ақлу фиросати инсон баробар бо донишу маърифати ӯ рушд меёбад ва аз ин лиҳоз, бо дониши замони муосир мусаллаҳ бошем. Хизматҳои Сарвари Кабири тоҷикон Эмомалӣ Раҳмонро дар бунёди далати мутамаддин, созандагию бунёдкорӣ, ба кишвари шукуфон табдил кардани кишвари ҷангзадаву сӯхта, коргоҳҳои ғоратшудаю сохтори фалаҷшудаи ҳукуматро созмон додан ношукрӣ маҳсуб мешавад. Кӯчаҳои ободу зебо, биноҳои замонавии бисёрошёна,  макотиби таҳсилоти умумиву болаёқат, ва касбиву олӣ шоҳиди заҳматҳои Сарвари давлат мебошад.

Хулосатан ба муаллиф рӯшодона муроҷиат карда, агар шомили мазҳаби ҳанафӣ бошед, хоҳиш дорам, ки панди Имоми Аъзамро  ба эътибор гирифта ба ҳокими вақт эҳтиром бигзоред ва шахсияташро бузург шуморед ва дар маҳзари ӯ аз дурӯғгӯӣ бипарҳезед.

Бовар дорам, ки хар мусалмон ба  корҳои ободонӣ, таълиму тарбияи фарзандон ва кумак ба муҳтоҷон бештар машғул шуда, кӯшиш мекунанд, ки дар ин ҷода намунаи ибрати дигарон бошанд Ва ҳар ҷашну маросим ва суннати неки аз ниёгон ба ёдгормонда, ки аз умқи таърих бо беҳтарин хислату арзишҳои инсонӣ ва ҳамроҳ бо рӯҳи устувори миллатамон то ба рӯзгори мо расидааст, нишонаи фарҳанги пурғановат ва рамзи орзуву ормонҳои халқи бостониву фарҳангсолорамон мебошад.

Атоева Кибриёхон

омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ