ИЗҲОРОТИ ШУЪБАИ ҶАВОНОНИ ДОНИШКАДА: ҶАВОНОН БОЯД АЗ ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБИ ДИНИВУ МАЗҲАБӢ ЭМИН НИГОҲ ДОШТА ШАВАНД!

Баъзан бо истифода аз боварҳо ва эътиқоди мардум гурӯҳҳои тундрав истифода намуда, мехоҳанд андешаҳои характери ифротӣ доштаро тариқи дин ва мазҳаб ба мардум таҳмил намоянд, ки бар хилофи ҳамаи мазҳабҳову динҳост. Зеро ягон дин ташвиқгари тундгароӣ ва амалҳои ифротгароӣ нест, баръакс адлу адолат ва осудагиву рифоҳи доимӣ аз рукнҳои дин дар назди ҷомеа мебошад.

Вале таҷриба нишон медиҳад, ки дар чанд соли охир аксарияти ҷавононро маҳз бо истифода аз ҳамин ақидаи динӣ гумроҳ намудаанд, ки ин хеле хатари бузург барои имрӯзу фардо ва сайёра мебошад. Дар дини Ислом муҳаббат талқин мешавад ва ҳамеша аз садоқат гап меравад, аммо аз радикализм ва ифртоият сухане нест. Ин ду падидаи охир сохтаву бофтаҳои гурӯҳҳои террористӣ мебошад, ки барои рӯйпӯш намудани фармоишдиҳандаи худ истифода менамяонд.

Дар шароити кунунӣ ҷавононро зарур аст, ки аз ақидаву андешаҳои ифротгароёна ва ҳаракатҳои мазҳабии бегона худро эҳтиёт намоянд ва ҳатто ба фиребу дағдағаҳои ТЭТ ҲНИ, ки имрӯз аз ҳамин шева кор мегирад, дода нашаванд. Зеро дар акси ҳол аксарият зиндагии осоишта ва ҳуввияти худро аз даст медиҳанд, ки ҷуз пушаймонӣ дигар чизе надорад.

Аз ин лиҳоз, ҷавонон бояд дар айни замон худро аз ҳама ҳаракатҳои мазҳабиву динӣ дур нигоҳ доранд ва боэҳтиёт бо афроди бегона муносибат кунанд.