ИЗҲОРОТИ ШУЪБАИ ТАРБИЯИ ДКМТ: НАҲЗАТИЁН АЗ ПОДА ПЕШ ЧАНГ АНДОХТАНД

Ҳангомаи болоравии арзиши истифодаи Интернет барои пайравони ТТЭ ҲНИ дастак шуда боз домани иғворо оташ заданӣ шуданд. Аммо боз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба доди халқ расиданд. Бо амри ин кас дар Тоҷикистон нархи хизматрасонии Интернет ва арзиши тарофаҳои ширкатҳои мобилӣ ба ҳолати пештарааш баргардонида шуд.Ин бори дигар аз халқпарварии Ҷаноби Олӣ, аз инсондўстии он шахс дарак медиҳад,чунки боло рафтани нарх зарбаи сахте асосан ба аҳолии камбизоат ва миёнаҳол мешуд. Онҳо аз истифодаи Интернет ва телефонии мобилӣ маҳрум мегаштанд, чунки чунин нархҳои дандоншикан на ба ҳама қишри ҷомеа дастрас аст. Агар он қарор амалӣ мешуд,дар байниқисми зиёди аҳолӣ нобоварӣ ба Ҳукуматро ба амал меовард. Мардумро мубталои яъсу ноумедӣ мекард.

Аз ин хотир, аз пода пеш чанг бардоштани наҳзатиён онҳоро боз ҳам беобрӯ кард.