ИЗҲОРОТИ ШУЪБАИ ТАРБИЯИ ДКМТ: БА ВАТАН МЕҲР БОЯД МОНД!

Меҳру муҳаббат ба Ватан аз гаҳвора оғоз мегирад ва муҳити созандагӣ низ имруз бешак аз сатҳи ҳамин меҳрубонӣ бастагӣ дорад. 

Дар доираи нақшаи тадбирҳои шуъбаи тарбияи ДКМТ баробари соатҳои тарбиявӣ маҳфилҳои фарҳангӣ низ доир мегардад, ки ҷавҳари асосиаш пошидани тухми меҳру муҳаббат мебошад.

Меҳр ба Ватан имкон медиҳад, ки ҳар шахс ба дилбастагии бештар диёри худро обод намояд ва дар ҳифзи марзу буми мулки хеш софдилона хизмат намояд.

Ба Ватан меҳр бояд монд! Ин нуктаро мо аҳли устодон пайвста таъкид менамоем!