ИЗҲОРОТИ ФАКУЛТЕТИ ЭЛЕКТРОМЕХАНИКАИ ДКМТ: САЛИМПУЛ КИ МАСТИ ПУЛ ШУД…….

Дар минбари ҳасрати наҳзатиён Ахбор ком боз Кабирӣ ва каламкаши содиқаш Мирзои Салимпул даст ба иғво мезананд.  

Аз ҷумла навиштааст, ки “

 

Рӯзи 11 феврал махлуқҳои “фермаи ҷавоб” туҳмати наверо ба пои “Ахбор”-у Мирзои Салимпур бастанд. Ин бебасарон, ки лаънати Худо ба ҳамаи онҳо ва хоҷагонашон бод!, дар гуруҳи фейсбукии “Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон”, ки ба як минбари асосии таблиғи ин “ферма ва (во аҷаб!) гузоришҳои радиои “Озодӣ” табдил ёфтааст, навиштаанд, ки гӯё  Тибқи маълумот аз доираҳои наздики Мирзои Салимпур, 01-уми январи соли 2019, ӯ аз афсарони эронӣ, ки таҳти пӯшиш дар сафорати ҶИЭ дар Прага фаъолият менамоянд, дар яке аз тарабхонаҳои воқеъ дар кӯчаи Ю.Фучик (Fuchik shtrass 12\23) 50 ҳазор евро ришва гирифта, ӯҳдадориҳои хаттӣ ҳам имзо кардааст, ки ба нафъи ҷумҳурии исломӣ ва иттифоқчиёни ҳаросафканашон дар минтақа-ТТЭ ҲНИ фаъолияти таблиғотиро роҳандозӣ менамояд.”

Туҳмате подарҳаво, саропо дурӯғ ва газоф. Аввал аз ҳама дар Прага кӯчаи бо чунин ном аслан вуҷуд надорад. Ҳатто агар вуҷуд медошт, ба чехӣ бояд Fucikska ulice мешуд, на Fuchik shtrass, ки ин галаи бесаводи хару хингили “фермаи ҷавоб” навиштааст.

Саволе ба миён меояд, ки ба ивази кадом маблағ Салимпул дар Европа кору зиндагӣ мекунад? Зеро дар саҳифааш ягон реклама нест, ки манбаи даромад бошад. Вай ки худ масти пулҳои хоҷаҳои хориҷиаш шудааст, доим ҳангомасозӣ мекунад. Аммо ба сафсатаи ӯ касе эътибор намедиҳад.