ИЗҲОРОТИ УСТОД САЙФИДДИНОВ ХОЛИҚ: РАФТОРИ НАҲЗАТИЁН АЗ РАФТОРИ ДЕВОНАГОН ФАРҚЕ НАДОРАД!

Тариқи интернет аз хабару гузоришҳои ҳаррӯза чи дар дохилу чи дар хориҷ огоҳ мешавам ва ҳамеша расонаҳоро мутолиа мекунам. Чанд рӯз боз тариқи расонаҳои давлативу ғайридавлатӣ ҷараёни ҷаласаи САҲА-ро дар Варшава мушоҳида мекунам. Ва дар умри сарам бори аввал дидам, ки инсон ҳам чунин бешарму шайтонсифат мешудааст.

Гумон намекардам, ки наҳзатиён ва он нафароне, ки худро зери духтарсозмони ТЭТ ҲНИ Паймони миллӣ ҷамъ овардаанд, то ба ин ҳад бесаводу хармиҷоз бошанд. Ҳатто харро агар ист бигӯӣ меистад, аммо ин тӯдаи авбошҳоро бори аввал дидам. Ҳатто тассавур намекардам, ки чунин  вазъ ба амал меояд.

Беҳтар аст он наҳзатиёне, ки худро тоҷик меҳисобанд шарм доранд. Дуруст аст, ки барои террорист ватан ва миллат фарқе надорад ва ҳеҷ арзиши террорист барояш қоил нест ба ҷуз пул, аммо намехоҳам дигарбора ин шармандагиро бубинам.

Девонаву ақлбохта чунин рафтор намекунад. Дар бораи дурӯғбофиву иғвоангезиҳои ин палидони бетарбия чизе намегӯям.