ИЗҲОРОТИ УСТОД А. ОЛИМОВ: НАҲЗАТИЁН ИФРОТГАРОИРО ТАРҒИБ МЕКУНАНД!

Вақтҳои охир чунин ба назар мерасад, ки аксарияти авбошон ва аъзоёни ТЭТ ҲНИ  дар зери як чатр ҷамъ омада, бо таъсиси як қатор расонаҳои интернетӣ ва гуррӯҳҳои ифротӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ифротгароиро тарғиб мекунанд, ки ин хилофи маданияти миллати тоҷик мебошад. Ҳарчанд маълум аст, ки ҷинояткор ва авбош, ки як ҷо шуд, он ҷо ҳатман формулаи нав бо номи амалҳои террористӣ зуҳур мекунад, ки мо инро дар мисли наҳзатиёни ифротӣ ва палид кайҳо боз мушоҳида менамоем. Ҳарчанд ин амали наҳзатиёни ифротӣ қобили қабул нест, аммо онҳо ин амалҳои худро бо рафтори бади инсонӣ тарғиб менамоянд, ки барои насли ҷавон хеле хатарнок аст.

Аъзоёни ТЭТ ҲНИ нахуст бо ин рафтори зишт ва ғайриахлоқии хеш дар муносибат бо корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ боварии мардумро аз дин коста мегардонанд ва сониян бо ин рафтор ба мафкураи ҷавонон таъсири манфӣ мерасонанд, ки ин хеле нигаронкунанда мебошад.

Имрӯз дар кишвари азизамон ҳамаи шароитҳо барои зиндагӣ муҳайё карда шудааст ва дар шароити сулҳу салоҳ ва ободӣ зиндагӣ мекунанд,аммо ҳамин зиндагии беҳтари мардум ҳам ба ин наҳзатиёни ифротӣ хуш наомадааст ва гумроҳ намудани миллат ҳастанд.

Онҳо барои бештар гумроҳ намудани ҷавонон ифротгароиро тарғиб намуда, хислати пасти инсониро аз худ ба намоиш мегузоранд, ки он қадар қобили қабул нест. Камина, ин амалҳои наҳзатиёни касифро маҳкум намуда, тақозо менамоям, ки ин разилони наҳзатиро, ки  душмани миллат ҳастанд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.