ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ ФАКУЛТЕТИ КОРҲОИ КӮҲӢ: РОБИТАҲОИ ДИПЛОМАТИИ КИШВАР ГУСТАРИШ МЕЁБАД

Дар чанд соли истиқлолият давлати Тоҷикистон тавонист, ки ба дастовардҳои беназире ноил гардад. Қариб дар ҳама соҳаҳо пешравиву тараққиёт дида мешавад ва ин як таҷрибаи нодир аст. Бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати ҷавони Тоҷикистон тавонист, ки дар арсаи байналмилалӣ мақоми сазовореро пайдо кунад ва ин як самти сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат мебошад. Имрӯзҳо дар кишвар созандагиву ободкорӣ ба маром идома дорад ва рӯз аз рӯз вусъати тоза пайдо менамояд.

Робитаҳои Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ зиёдтар гардида, қариб бо ҳама давлатҳои ҷаҳон равобити дипломатӣ барқарор карда шудаас. Ҳоло дар кишварҳои абарқудрати монанди Амрико, Британияи Кабир, Русия, Чин, Ҷопон, Олмон, Канада, Фаронса сафоратхона ва намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон фаъолият менамоянд ва ба шаҳрвандони кишвар кӯмак менамоянд. Ногуфта намонад, ки Тоҷикистон дар ин давра бо зиёда аз 160 давлати ҷаҳон робитаҳои дипломатиро барқарор намуд, ки ин ҳам ба осонӣ даст намедиҳад. Кишвари мо бо зиёда аз 100 давлатӣ ҷаҳон робитаи тиҷоратӣ дорад, ки ин беҳтарин имконият барои рушди иқтисодиёти мамлакат мебошад.

Сафари навбатии Пешвои муаззами миллат ҳам ба кишварҳои Аврупо идомаи густариши равобити кишвар бо ҷомеаи байналмилалӣ буда, аз ин сафарҳо ҳамеша ба миллат манфиат мерасад. Ҳар як сафари Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мардуми тоҷик як сафҳаи навро боз мекунад ва миллат боз ба имкониятҳои нав даст меёбад.

Мо, устодони факултети корҳои кӯҳӣ ин иқдоми Пешвои муаззами миллатро дастгирӣ намуда, ҳамеша ҷонибдорӣ густариши робитаҳои кишвар бо ҷаҳониён ҳастем.