ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ҲАМЛУ НАҚЛ: НАҲЗАТИЁНИ МАЛЪУН ШИАГАРО ҲАСТАНД

Чандест, ки перомуни аъзоёни бадбахт ва сарсахти ТТЭ ҲНИ менависем ва ҳамонон паҳлӯҳои торики фаъолияти ин террористонро ба мардум ошкор насохтаем. Ин наҳзатиёни малъун ба хотири ба даст овардани маблағ ва гумроҳ намудани мардум, мазҳаби шиаро, ки бар хилофи мазҳаби миллати тоҷик мебошад ба мардум пешкаш намуда, онро бар аъзоёнашон нахуст талаққӣ додаанд.

Сипас онҳое, ки ба ин ҳизб мепайванданд, тибқи оинномаи ТТЭ ҲНИ бояд нахуст мазҳаби шиаро бипазиранд, то садоқаташон ошкор шавад ва дигар ин ки ин мазҳабро дар миёни хонавода ва дигар ақрабо тарғибу ташвиқ кунанд.

Ин яке аз шартҳои асосии наҳзатиёни малъун буд, ки то ба ҳол идома дорад ва роҳбари ТТЭ ҲНИ М. Кабирии палид аз шиагаротарин афродест, ки барои ин кор боз ба хоҷагони хориҷияш ҳисобот медиҳад. Ин ҳам яке аз саҳифаҳои сиёҳи наҳзатиён ва худ хиёнати ошкорои наҳзатиёни малъун бар дину мазҳаб ва миллати тоҷик мебошад.

Мо устодони кафедра ин рафтори наҳзатиёни малъунро маҳкум намуда,  наҳзатиёни палидро барои чунин хиёнат ҳаргиз намебахшем ва ба онҳо лаънат мехонем.