ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ЭКОЛОГИЯ: ИҚДОМИ ҶАВОНОНИ ВМКБ ШОИСТАИ ТАҲСИН АСТ!

Дар маъракаи  даъвати наваскарон ба Артиши миллӣ дар даъвати навбатӣ ҷавонон ва ихтиёриёни ВМКБ аз аввалинҳо шуда, маъракаи даъватро анҷом доданд, ки ин амал шоистаи дастгириву намунаи ибрат аст.

Зеро тавре, ки медонем, ҷавонони  фаъол ва ватандӯсту меҳанпарвар ҳамеша барои ҳифзи марзу бум ва оромии Ватан талош меварзанд ва ҷавонони Бадахшон аз зумраи аввалинҳо дар ин мавсим ҳастанд, ки ин хеле иқдоми наҷиб ва олист.

Ёдрас мешавем, ки иқдоми навбатии наваскарони Бадахшон ба мактаби мардонагиву шуҷоат ҳанӯз охири кор набуда, дар ин росто ҷавонони Чоркӯҳ низ аз аввалинҳо шуда, маъракаи даъвати наваскаронро иҷро намуданд, ки ин ҳам нишонаи баланди ватандӯстии ин мардум мебошад.

Мо, устодони кафедра ин рафтори ҷавононро хуш пазируфта, ба ҳамаи ин наваскарон барои шуҷоату матонаташон офарин мехонем!