ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ФАНҲОИ УМУМИТЕХНИКӢ: ОБОДИИ ВАТАН АЗ ИНТИХОБИ ҶАВОНОН ВОБАСТА АСТ.

Ҳамон гуна, ки ҳамагон хуб медонанд, имрӯзҳо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонони кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҳаматарафа дастгирӣ менамоянд. Ҳатто имтиёзҳои зиёдеро низ ба ҷавонон бахшидаанд, ки ин таҷриба дар бисёр кишварҳои олам ногузир аст.

Таҷриба нишон медиҳад, ки дар ин ё он масъалаи сиёсӣ ҷавонон нақши ҳалкунанда доранд ва онҳо метавонанд бо интихоби дуруст ояндаи хешро рангин созанд. Ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ аз мо талаб менамояд, ки дар маъракаҳои сиёсӣ фаъол бошем ва ҳамеша рӯ ба ҷониби ҳақиқат бошем.

Ҳоло ягона ҳизбе, ки дар кишвар ғамхориву меҳрубонӣ ва афзалиятҳои бештарро ба ҷавонон ироа сохтааст, ин ҲХДТ мебошад ва ҷавонон бояд ин дастгириро фаромӯш насозанд ва ҳамиқболу ҳамовози ин ҳизби пешсаф ва созандаву ободкор бошанд.

Зеро ҲХДТ дар як муддати кӯтоҳ тавонист, ки миллатро дар сафи беҳтаринҳо қарор диҳад ва барномаи созандагиву ободкориро ба таври олӣ пеш барад ва дигаргуниҳои чашмгиреро ба вуҷуд оварад.

Мо устодони кафедра ин дастовард ва талошҳои пайвастаи ҲХДТ-ро барои рушди босубот ва оромиву осудагии кишвар ҳаматарафа дастгирӣ намуда, бо ин ҳизб ҳамовозии худро баён менамоем.