ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ФАНҲОИ ТАБИӢ-ИЛМӢ: ҲАМСОЯГОН БОЯД МАДОРО КУНАНД.

Чандест, ки дар минтақаи назди сарҳадии кишвар дар ноҳияи Исфара миёни сокинони маҳаллӣ муноқишаҳо сар мезанад ва аксарияти ин муноқишаҳо аз ҷониби сокинони наздисарҳадии Ҷумҳурии Қирғизистон оғоз мешавад ва гоҳо ба ин марзбонони ҷониби қирғизистони ҳамроҳ мешаванду сокинони осоиштаро зери фишору ҳамла ва тирборон қарор дод, ки ин аз рӯи адолат ва одамгариву одоби ҳамсоядорӣ нест.

Ҳамон гуна, ки аз расонаҳо бармеояд баъзан марзбонони қирғиз ба тарфи сокинони осоишта тир кушода, онҳоро аз маҳалли зисташон дур кардани мешаванд, ки ин аз рӯйи адолат ва қонунҳои бародарӣ нест.

Аз ин лиҳоз, ҷониби Қирғизистонро зарур меояд, ки ба пайомади сиёсати марзбонии худ биандешад ва оқибати ҳар як амалашро фикр кунад, то барои худаш вазнинтар наафтад. Зеро ин амал вайрон намудани муқаррароти байналмилалиро нишон медиҳад ва аз ҷониби дигар эътироф накардани ҳамаи созишномаҳои байнидавлатӣ маҳсуб меёбад, ки дар ин замина бояд Бишкек фикр кунад ва хулоса барорад, то барояш вазнинтар наояд.

Мо, устодони кафедра ин рафтори ҳамсоягонро  маҳкум намуда, онҳоро ба мурсову мадоро даъват менамоем!