ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ФАНҲОИ ГУМАНИТАРӢ-ИҶТИМОӢ: НЕСТ БОД ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ

Дар чанд даҳаи охир дар тамоми ҷаҳон ташкилоту созмонҳои террористие зуҳур намуданд, ки мақсадашон нест кардани насли башар мебошад. Зеро аксаран ин созмону гурӯҳҳои террористӣ бар пояи ин ё он мазҳаб ва ё дин ташкил мешаванд ва барои гумроҳ намудани инсонҳо аз он ҳамчун васила истифода менамоянд.

Мо, хуб медонем, ки дар ягон дин ва дар ягон мазҳаб қатли инсони бегуноҳ ва мазлум сохтани инсон гуфта нашудааст ва ин кор ҳам иҷозат надорад. Аммо ин созмонҳои ба ном диниву мазҳабӣ ва дар асл террористӣ талош меварзанд, ки бо истифода аз фармудаҳои шариат ва эҷоди ҳадисҳо аз номи паёмбарон мардумро гумроҳ созанд.

Ҳамин гуна ҳолатро мо дар солҳои 90-уми асри гузашта дар мисоли ТТЭ ҲНИ дида метавонем, ки чӣ тавр аз камдонишии мардум аз дин истифода намуда, мардумро фирефта сохта, гумроҳ карданду амалҳои террористиро дар қалдамрави кишвар содир намуданд.

Аз ин лиҳоз мо устодони кафедра ин рафтори террористон ва душманони башариятро маҳкум намуда, илова менамоем, ки ин созмонҳо ва гурӯҳҳо ягон иртиботе ба дину мазҳаб надоранд.