ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ФАНҲОИ ГУМАНИТАРӢ-ИҶТИМОӢ: ИНСОН БУДАН ҲАМ ФАРҲАНГ АСТ!

Ҳар чанд инсоният имрӯз ба имкониятҳои тезникӣ меболаду аз рушди бемайлони техникаву технология хурсанд аст, аммо як чизи дигаре ҳам ҳаст, ки мавҷудияти инсонро танзим ва такмил менамояд ва ин ҳам бошад, фарҳанги инсонӣ мебошад. Аммо дар баъзан ҳолат мушоҳида мешавад, ки ҳамин фарҳанг дар баъзе тоифа вуҷуд надораду аз хурди тарбияи инсонвор зистанро наомӯхтаанду чашмашон гурусна аст. Мисоли ин гунаҳоро метавон дар фаъолияти раис ва аъзоёни ТТЭ ҲНи бараъло мушоҳида намуд, ки ба хотири пулу мол даст ба хиёнат ва он ҳам бар беҳтарин муқаддасот барои инсон Ватан мезананд.

Яъне, наҳзатиён аз барои пул на меҳанти ҳалол. Балки роҳи зишту манфуронаро пеш гирфитаанд, ки аз надоштани фарҳанги волои онҳо шаҳодат медиҳад.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори наҳзатиёни одамсурату ҳайвонсиратро комилан маҳкум намуда, бар онҳо лаънат мехонем!