ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ УМУМИТЕХНИКИИ ДКМТ: ИМА ЧЕҲРАИ ЭРОНРО ВО НАМУД

Дар расонаҳои хабарӣ мутолиа намудем, ки Шурои олии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар баёнияе бо маҳкум кардани иқдоми ғайриқонунӣ ва хатарноки Амрико мавриди қарор додани номи сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар феҳристи созмонҳои террористӣ эълон кард. Эрон Амрикоро давлати ҳомии терроризм ва неруҳои низомии Амрико дар минтақаи ғарбии Осиё ва тамоми неруҳои вобаста ба онро гуруҳи террористӣ меноманд.

Аммо, аслан ақидаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бар зидди Амрико хатост. ИМА бо гуруҳҳои тундрав ҳеҷ иртиботе надорад. Ва имруз барои пешрафти кишварҳои ҷаҳон ва барои барқарор кардани сулҳу субот саҳми худро мегузорад.

Аз ин хотир ақидаи ИМА дуруст, чеҳраи зишти сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар Эрон во гардид.