ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ТАҶҲИЗОТ ВА ТЕХНОЛОГИЯИ МОШИНСОЗӢ: ТЕРРОРИСТОН БОЯД НЕСТ КАРДА ШАВАНД.

Чандест, ки фаъолияти аъзоёни ТТЭ ҲНИ густариш ёфта, ин тоифаи бадкешу разил барои ба тарғиби ғояҳои террористӣ-экстремистӣ ба таври комил падохтан робитаҳояшон бо хадамоти як қатор кишварҳо беҳтар намуда, ҳатто аз ин кишварҳо маблағҳое зиёде ба даст овардаанд. Яке аз чунин давлатҳо Ҷумҳурии исломии Эрон мебошад, ки пас аз ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эълон шудани “ҲНИ” сарапарастии ин ташкилоти террористиро бар дӯш гирифта, аз соли 2016 то соли 2018 ба суратҳисоби роҳбари ТТЭ ҲНИ Кабирии палиду касиф 3 миллиону 300 ҳазор доллар пул гузаронидааст, то ин наҳзатини палид бар зидди миллати тоҷик амал намоянд. Ва ин танҳо як намуна аст ва чандин маротиба аз ҷониби хадамоти махсуси Ҷумҳурии исломии Эрон маблағҳо ба суртаҳисоби роҳбари ТТЭ ҲНИ гузаронида шудааст, хонанда метавонад дар шабакаи ҷаҳонии интернет дар ин бора маълумоти бештаре пайдо намояд.

Ҳамчунин аъзоёни ТТЭ ҲНИ дар ин давра ҳамкорияшонро бо созмони террористии “Давлати исломӣ” беҳтар намуда, бо машварати Кабирии палид бар ивази маблағҳои бузург ба сафи ин созмонҳо ҳамроҳ шуда, дар давлатҳои Сурия ва Ироқ амалҳои террористӣ содир намудаанд.

Аз ин рӯ. Ҷойгиршавии ин террористон дар Аврупо як хатар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад ва бояд Иттиҳоди Аврупо ба ин масъала барвақттар расидагӣ намояд.

Мо устодони кафедра ин рафтори террористони наҳзатиро маҳкум намуда, аз созмонҳои байналмилалӣ тақозо менамоем, ки кулли террористон аз сайёраи замин нест карда шаванд.