ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ТАШКИЛИ ҲАМЛУ НАҚЛ: ХОИНОН БОЯД ҶАЗО БИНАНД

Ҳамон гуна, ки ба ҳамагон маълум аст, имрӯзҳо як қатор олимону ходимони хизматнишондода ҷиҳати ошкор намудани чеҳраи воқеии аъзоёни ТТЭ ҲНИ камар баста, як қатор мақолаву рисолаҳоро ба нашр расониданд, ки дар онҳо факту далелҳо ва арқоми раднашаванда вобаста будани ин тоифаи бадкешро ба хоҷагони хориҷияшон ошкор месозад.

Ба таври ҳамагон хуб медонем, ки яке аз саркунандагон ва ташкилкунандагони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар кишвар ҳамин наҳзатиёни палиду касиф ба ҳисоб мераванд ва дар ин замина ин тоифаи бадкешро хадамоти махсуси Ҷумҳурии исломии Эрон ҳам дастгирии молиявӣ ва ҳам таъмини сарбозӣ намудааст, яъне бо ҷалби террористон аъзоёни ТТЭ ҲНИ-ро дар ҳодиса дастгирӣ намудааст.

Дар ҷанги таҳмилии шаҳрвандии кишвар зиёда аз  150 ҳазор нафар бегуноҳ ба қатл расонида шудааст, ки дар хуни ин шаҳидон аъзоёни ТТЭ ҲНИ ҷавобгар ҳастанд.

Мо омӯзгорони кафедра ин рафтори хоинони миллатро ба таври комил маҳкум намуда, талаб менамоем, ки хоинон ҷазо дода шаванд.