ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ТАШКИЛИ ҲАМЛУ НАҚЛ: М. САДРИДДИН ҚАЛЛОБЕ ЗЕРИ ПАРДАИ ДИН!

Дирӯз мақомоти Прокурати генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расонаҳо эълом доштанд, ки М. Садриддин яке аз хоинони миллат ва узви ТТЭ ҲНИ бо баҳонаи фиребу найранг ва макру ҳиллаи наҳзатӣ бо овардани далелҳо аз ҳадису ояҳои Қуръон 3 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шаҳри Дубайи АМА фиреб дода пулҳояшонро ба миқдори 430 ҳазор доллар тасарруф намудаасту пас аз чанде илова намудааст, ки тиҷорат муфлис шуд. Аммо мо тавре, ки медонем М. Садриддин, ки пайваста аз дин суҳбат мекунад ва худро ҳомии дин меҳисобад, маълум шуд, ки аз ҳамон наҳзатиён пайравӣ мекардаасту дигар мақсадаш ҳам бо истифода аз дин ба боварҳои ҷомеа даромадан будааст. Мешавад, гуфт, ки ин қаллоб ва душмани миллати тоҷик ҳамеша барои миллат зарар аст ва бояд ба зиндон кашида шавад.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори хоинонаи М. Садриддини фиребгар ва қаллобро  комилан маҳкум намуда, бар онҳо лаънат мехонем!