ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ТАШКИЛИ ҲАМЛУ НАҚЛ: МАРГ БАР НАҲЗАТИЁНИ ФИТНАКОР!

Имрӯз, ҳамон тавре, ки мебинем аъзоёни гурезаи ТТЭ ҲНИ дар Аврупо зиндагӣ мекунанду бар алайҳи миллат аз ҳамон ҷо истода душмани меварзанд. Наҳзатиён бо маблағгузории хоҷагони хориҷияшон имрӯзҳо чандин сомонаву шабакаҳои иҷтимоиро таъсис додаанд, ки мақсаду маромашон ифротӣ намудани ҷомеа мебошад.

Ҳоло наҳзатиёни ифротӣ ва террорист дар ин сомонаву саҳифаҳои худ маводҳои бардурӯғ ва иғвобарангезро ба нашр мерасонанд, то мардумро фиреб диҳанду гумроҳ гардонанд. Наҳзатиён бештар матлабҳои иғвобарангез ва беасосро ба нашр расонида имрӯзҳо дасисабозӣ мекунанду мехоҳанд, чеҳраи аслии худро аз ҷомеа пинҳон доранд. Аммо тавре, ки маълум аст, имрӯз дигар ҷомеа аз чеҳраи аслии наҳзатиён, ғулому муздур буданашон, хизматгори хоҷаи хориҷӣ буданашон огоҳ шуд ва фаҳмид, ки наҳзатиён душмани аслии миллати тоҷик мебошанд.

Мо, устодони кафедра ин рафтори нодуруст ва хоинонаи наҳзатиёнро комилан маҳкум намуда, бар онҳо лаънат мехонем!