ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ТАШКИЛИ ҲАМЛУ НАҚЛ: САЛИМПУР ИҒВОБАРАНГЕЗӢ МЕКУНАД!

Тавре, ки маълум аст, имрӯзҳо аксарияти созмонҳои ифротӣ ва сомонаҳои хабарии ифротгаро дар атрофи ТТЭ ҲНИ ҷамъ шудаанду ба хотири паҳн намудани ахбори бардурӯғ аз хоҷагони хориҷияшон маблағ мегиранд. Аммо ин як тарафи масъала буда, ҷониби дигари масъала ин аст, ки ин рӯзноманигорон ва сардабирони наҳзатпараст асло намехоҳанд, ки сиррашон ошкор шаваду ҷомеа аз ҳақиқати онҳо огоҳӣ пайдо намояд.

Ҳарчанд аллакай ҳақиқати хоин ва хизматгори хоҷа будани ҳам наҳзатиён ва наҳзатпарастон ошкор гардидааст. Худи сардабири ахбор.ком, ки бевосита бо ТТЭ ҲНИ ҳамкорӣ намудаву сомонаи ахбор.комашро таъсис додааст, ҳоло мехоҳад ҳамин ҳақиқатро пинҳон созаду худашро мустақил эълон намояд. Лек ҳақиқат чизи дагар асту далелҳо чизи дигар мегӯянд ва иғвобарангезу дурӯғнавис будани Салимпурро ошкор менамоянд.

Ин ки имрӯз М. Салимпур ҳар хел даъво оварда мехоҳад, ҳақиқатро пинҳон дорад, ягон фоида надорда ва тамоми ҷомеа медонанд, ки Салимпур як хоин ва душмани миллат мебошад.

Мо, устодони кафедра ин рафтори ношоиставу ғайриинсонии М. Салимпурро маҳкум намуда, бар ӯ шармат бод, мегӯем!