ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ТАШКИЛИ ҲАМЛУ НАҚЛ: ТТЭ ҲНИ ИДОМАДИҲАНДАИ ҶАҲОЛАТИ “ИХВОН-УЛ-МУСЛИМИН”

Ҳанӯз барвақт маълум шуда буд, ки маҳз ТТЭ ҲНИ бо илҳомгири аз ғояҳои инсонбадбинӣ ва даҳшатафкании созмони террористии “Ихвон-ул-муслимин” бунёд ёфтааст ва бештар аз ин созмони террористӣ пайравӣ мекунад.

Аммо бо пайдо шудани хоҷагони хориҷӣ барои наҳзатиёни палид, аъзоёни ТТЭ ҲНИ ҳамкориро васеътар намуда, хиёнатро бар алайҳи миллат бештар намуданд. Онҳо роҳбари “Ихвон-ул-муслимин”-ро роҳбари маънавии худ муаррифӣ намуда, роҷеъ ба боздошташ дар Миср вокуниши сахт нишон доданд ва дар сомонаҳояшон маълумоти зиёдеро нашр карданд, ки ҳамааш ифротгароиро тарғиб мекард.

Ҳоло бошад, ҳамин корро ин наҳзатиёни палид дар хориҷ аз кишвар идома додаистодаанд, ки хиёнати рӯирост ба миллати тоҷик мебошад.

Мо омӯзгорони кафедра ин рафтори наҳзатиёни малъунро, ки ба миллати тоҷик рӯирост хиёнат мекунанд ва мехоҳанд, ки миллатро гумроҳ созанд, маҳкум намуда, онҳоро идомадиҳандаи даҳшатафканиҳои созмони  террористии “Ихвон-ул-муслимин” дар минтақа меҳисобем.