ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ МЕТАЛЛУРГИЯ: НЕСТ БОД ИФРОТГАРОӢ!

Имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро як қатор созмонҳои ифротӣ пур кардаанд, ки мақсадашон ҳам ба ҳадди ифрот расонидани афкори ғайриинсонӣ мебошад. Ҳоло метавонем мисоли равшанеро барои миллати тоҷик оварем, ки чӣ тавр ифротгароёни наҳзатӣ ҷанги шаҳрвандиро дар кишвар ташкил карданд ва хуни зиёда аз 150 ҳазор нафар бегуноҳро рехтанд.

Аммо бар замми ҳамаи ин ин наҳзатиёни малъун тоқат накарда, робитаашонро бо созмонҳои террористӣ густариш доданд, ки тибқи омори мавҷуда танҳо аз соли 1997 то соли 2016 аъзоёни ТТЭ ҲНИ дар қаламрави кишвар зиёда аз 30 амали террористӣ содир намудаанд, ки ин хиёнати бузург бар миллати тоҷик мебошад.

Мо омӯзгорони кафедра ин рафтори хоинон ва душманони миллати тоҷикро маҳкум намуда, нест бод терроризм ва ифротгароӣ мегӯем!