ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ТАШКИЛИ ҲАМЛУ НАҚЛ: ТТЭ ПМТ –РОҲИ НАВИ ДАРОМАДИ ТЕРРОРИСТИ КАБИРӢ

Амалан агар аз нигоҳи коршиноси сиёсӣ баҳо диҳем ин рафтори хоинони миллати тоҷик борҳо собит шудааст ва аксаран бо далелҳо ошкор гардидааст, ки наҳзатиён зери роҳбарии террористи рақами !-и дунё бештар роҳҳои пулкоркуниро аз тариқи хиёнат ба миллати тоҷик ҷустуҷӯ намуда, худро ба ҳар доре мезананд ва ин ба ҳукми анъана даромадааст.

Таъсиси ТТЭ ПМТ ҳам чунин як иқдоми аблаҳонаву хоинонаи Кабирии палид аст, ки мехоҳад мисли солҳои қабл, ки дар наҳзат фаъолият мебурду мардумро гумроҳ сохта аз хоҷагони хориҷияш маблағ меситонид, ба ҳамон шакл идома диҳад ва албатта бо номи нав.

Зеро гуноҳҳо ва хиёнатҳои кардаашро Кабирии палид мехоҳад аз насли ҷавон рӯйпӯш созад ва ба ҳамин хотир ТТЭ ПМТ-ро таъсис додааст.

Мо устодони кафедра ин рафтори хоини миллат Кабирии малъунро маҳкум намуда, ташкилоти террористияшро –роҳи нави пулкоркунияшро душмани башарият меҳисобем!