ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ СОХТМОН ВА КОРҲОИ МАРКШЕЙДЕРӢ: ХИЁНАТИ НАҲЗАТИЁН БАХШИДА НАМЕШАВАД!

Имрӯзҳо аъзоёни ТТЭ ҲНИ ба хориҷи кишвар фирор намуда, бо фармони хоҷагони хориҷияшон талош мекунанд, то бар алайҳи миллати тоҷик мубориза баранд ва ҷавононро бо фиребу дасисабозиҳояшон гумроҳ гардонанд. Аммо наҳзатиён набояд фаромӯш созанд, ки  ноогоҳтарин ва камсаводтарин шахс медонад, ки натиҷаи кори ташкилоти террористии наҳзат чист? Имрӯз  қариб тамоми қишри ҷомеа саводу маданияти баландро доро ҳастанд ва ман боварии комил дорам, ки  суханҳои пур аз фитнаи Кабириву ҳаммаслаконаш ба онҳо ҳеҷ таъсир намекунад. Чунки халқи  имруза халқи соли 1990-ум нест, ки ба фитнаи палидони наҳзатӣ бовар кунад. Ҳарчанд ҳоло наҳзатиён ба хотири фиреб додани мардум ҳамарӯза иттилоотиву бофтаву сохтаро нашр мекунанд, то ҷомеаро гумроҳ гардонанд.

Зеро тоқикон хуб медонанд, ки наҳзатиён чӣ хел бар миллат хиёнат намуданду зиёда аз 160 000 шаҳрвандӣ бегуноҳро ба қатл расониданд.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори душманони миллати тоҷик, наҳзатиёни малъунро комилан маҳкум намуда, бар онҳо лаънат мехонем!