ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ МЕТАЛЛУРГИЯ: НЕСТ БОД ТТЭ ҲНИ!

Маълум аст, ки имрӯзҳо душманони миллати тоҷик ба хотири гумроҳ намудани ҷомеа ва аз байн бурдани арзишҳои миллӣ пайваста талош мекунанд ва бо супориши хоҷагони хориҷияшон бар алайҳи миллати тоҷик мубориза мебаранд. Яке аз чунин созмонҳои террористии фурӯхташудаву хиёнаткор ТТЭ ҲНИ мебошад, ки аъзоёнаш пурра муздуриву ғуломиро қабул намудаанду барои хоҷагони хориҷияшон пойбӯсӣ мекунанд.

Ҳоло наҳзатиён ба хориҷи кишвар фирор намудаанду боз ба хиёнаткорӣ бар алайҳи миллат идома додаистодаанд, ки ин бисёр ҳам хиёнати бузург мебошад. Аъзоёни террористи ТТЭ ҲНИ аз замони ташкил шуданаш, то ба имрӯз бар пояҳои давлатдории миллӣ зарба зада ҳамеша талош мекарданд, то миллатро гумроҳ созанду мутеъи хоҷагони хориҷияшон созанд, ки ин хиёнати бузург мебошад.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори душманони миллатро комилан маҳкум намуда, бар онҳо лаънат мехонем!