ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ МАТЕМАТИКАИ ОЛӢ ВА ИНФОРМАТИКА: ВАҲДАТ МУҲИМ АСТ!

Новобаста аз он ки имрӯз авзои сиёсии ҷаҳон дар кадом ҳолат аст ва чӣ бурду бохте дорад, мо бояд дар навбати аввал ваҳдат ва сулҳу салоҳро ҳифз намоем ва якпорчагии кишварамонро пос дорем. Зеро дар ҷаҳон ҳастанд, кишварҳое, ки барои якпорчагӣ ва расидан ба ваҳдати комил талош мекунанд, аммо мисле мо ба рӯзи нек нарасидаанду ин рӯзҳоро орзу менамоянд. Аз ҳамин лиҳоз насли ҷавон бояд, пайваста дар бораи фардои миллат ва кишвар биандешад ва ин рӯзҳои нек ва пур аз саодатро, ки ба баракати ваҳдати комили миллӣ муҳайё гардидааст, ҳифз намояд.

Мо, омӯзгорони кафедра ҳамеша тарафдори сулҳу оромӣ дар ҷаҳон ва мустақилияту соҳибихтиёрии миллати тоҷик ҳастем.