ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ИДОРАКУНӢ: МАРГ БАР ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ

Имрӯзҳо душманону бадхоҳони миллати тоҷик дар хориҷи кишвар ҷой гирифта, бар алайҳи миллат мубориза мебаранд ва талош менамоянд обрӯву мақоми кишварро дар арсаи байналмилалӣ паст намоянд ва имкониятҳои рушди миллатро маҳкум намоянд.

Ин хоинони миллат ба гурӯҳҳо тақсим шуда, бо фармони хоҷагони хориҷияшон талош мекунанд, ки миллати тоҷикрпо сарсону саргардон намоянд. Ин гурӯҳҳо ба монанди ТТЭ ҲНИ , ТЭ “Гурӯҳи 24” ва ТТЭ ПМТ мебошанд, ки ҳамааш як маром ва як мақсад доранд, яъне хиёнат ба миллати тоҷик мебошад.

Ҳоло ин хоинони бадкеши миллат бо истифода аз шабакаи ҷаҳонии интернет ва таъсиси чанд сомонаи ифротӣ ғояву идеяҳои ифротӣ террористиро тарғибу ташвиқ мекунанд ва ҳар рӯз туҳматномаҳо бар алайҳи миллати тоҷик нашр мекунанд, ки ягон асоси воқеӣ надорад ва ин як хиёнати бузурги ин тоифаи бадкеши наҳзатиён  мебошад.

Мо омӯзгорони кафедра ин рафтори хоинони миллатро маҳкум намуда бар алайҳи ин тоифаи бадкеш мубориза мебарем ва ин наҳзатиёни душманро лаънат мехонем.