ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ГЕОЛОГИЯ ВА КОРҲОИ НАФТУ ГАЗ: ФИЛМИ “ХИЁНАТ” АЗ ХИЁНАТИ ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ ГУФТ

Тавре, ки ба ҳама маълум аст, филми мустанади “Хиёнат”, ки аз 3 қисмат иборат мебошад, дар бораи фаъолияти пасипардагӣ ва авбошонаи наҳзатиён қисса намуда, нақшаву ниятҳои душманонаи ин ташкилоти террористиро боовардани далелҳои муътамад, исбот намуд, ки бисёр ҳам филми диданист. Бо дидани филми мазкур инсон метавонад дар як они воҳид чеҳраи аслии душманони миллатро, худро дар зери ниқоб пинҳон кардаанд, дарёбад.

Воқеан ҳам филми “Хиёнат” қадамест барои шинохти душманони миллат ва хоинони бадкеши наҳзатӣ ва аз ин лиҳоз филми мазкурро метавон як ҳуҷҷати таърихӣ номид.

Мо, омӯзгорони кафедра ба ҳамаи сокинони кишвар тавсия медиҳем, ки филми мазкурро тамошо намуда, чеҳраи аслии хоинонро бишносанд.