ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ГЕОЛОГИЯ ВА КОРҲОИ НАФТУ ГАЗ: НЕСТ БОД ИФРОТГАРОӢ

Дар чанд соли охир сафи созмонҳои ифротӣ ба маротиб афзуда, имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбати ин тоифаи бадкеш ва ифротгаро чораандешӣ менамояд. Дар кишвари мо ҳам барои пайдо нашудани чунин гурӯҳҳо ва ғояҳои ифротии ба ҳаёти халқ зараррасон як қатор тадбирҳо андешида мешавад, ки ин ҳам дар шароити кунунӣ хеле муҳим аст.

Ҳоло созмонҳои ифротие, ки дар заминаи мазҳабу дин арзи ҳастӣ намудаанд, хеле ва хеле хатарнок ҳастанд, зеро ин созмонҳо махсус аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатҷӯ сохта шудаанд ва аз дин ва мазҳаб барои гумроҳ намудани ҷомеа истифода менамоянд ва мақсадашон ҳам ифротитар аст, аз оне ки дида мешавад.

Мо омӯзгорони кафедра ин рафтори пасти гурӯҳҳои ифротиро маҳкум намуда, ба ин тоифаи бадкеш ва душмани башарият лаънат мехонам.