ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ГЕОЛОГИЯ ВА КОРҲОИ НАФТУ ГАЗ: ҶАВОНОН БОЯД БА ИЛМОМӮЗӢ МАШҒУЛ ШАВАНД

Чандест, ки гурӯҳҳо ва созмонҳои террористӣ аз таълимоти нодуруст истифода намуда, ҷавононро мехоҳанд гумроҳ намоянд ва ба роҳҳои мухталиф баранд. Аз ҳама нигаронкунандааш дар он аст, ки созмонҳои ифротӣ аз шабакаҳои интернетӣ истифода намуда, бештар мехоҳанд ҷавононро истифода намоянд ва гумроҳ созанд.

Зеро омили аслии гумроҳшавии ҷавонон ҳам дар он аст, ки дар маълумотҳои пешниҳоднамудаи террористон ягон маводи дурустӣ диниву мазҳабӣ вуҷуд надорад ва ҳамаи ҳадисҳоро онҳо ӣхуд эҷод карда аз номи олимон мегӯянд, ки дар ҳолати надонистан ҷавонон зуд фирефта мешаванд.

Аз ин лиҳоз ҷавононро лозим меояд, ки бештар ба илмомӯзӣ машғул шаванд ва фирефтаи гурӯҳҳои террористӣ экстремистӣ нашаванд.

Мо устодони кафедра ин рафтори душманони башариятро  маҳкум намуда, ин тоифаи бадкешро, ки имрӯз ҳамчун террористони разил фаъолият мебаранд, нодуруст меҳисобем.