ИЗҲОРОТИ ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРАИ ФАНҲОИ ГУМАНИТАРӢ-ИҶТИМОӢ: КАБИРӢ-ТЕРРОРИСТИ МАНҚУРТ!

Кабирӣ яке аз хоинони миллати тоҷик имрӯз дар Аврупо истода, бар алайҳи миллати тоҷик дасисабозӣ мекунаду душманӣ варзид, ки ин амали ноҷавонмардона ва хиёнат мебошад. Хиёнатро бошад фақат номард ва ноҷинсу бетарбияву бемаслак мекунад. Кабирӣ низ ҳамин хел инсони бемаслак ва хоину бадкеш мебошад, ки дидаву дониста бар алайҳи миллати тоҷик мубориза мебараду миллатро гумроҳ кардан мехоҳад.

Маълум аст, ки Кабирии террорист аз хоҷагони хориҷияш маблағ мегирад, то бар алайҳи миллати тоҷик душманӣ варзаду мақсадҳои нопоки ононро амалӣ гардонад, ки душманӣ ва хиёнати маҳз мебошад.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори Кабирии террорист ва манқуртро маҳкум намуда, бар ӯ лаънат мехонем!