ИЗҲОРОТИ ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРАИ ТАҶҲИЗОТ ВА ТЕХНОЛОГИЯИ МОШИНСОЗӢ: ТЕРРОРИЗМ ХАТАР БАР НАСЛИ БАШАР!

Имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро хатарҳои гуногун таҳдид менамояд ва яке аз ин хатарҳо зуҳур ё худ пайдо гардидани терроризм ва экстремизм мебошад. Терроризм ва экстремизм барои насли башар бисёр ҳам хатари бузур ва вабо мебошад. Аз як ҷиҳат вабои аср номидани терроризм сад дар сад дуруст мебошад.

Ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ имрӯз барои ноором намудани аҳолии сайёра талош мекунанд ва ин як воқеияти маҳз аст. Афғонистон аз дасти созмонҳои террористӣ имрӯз оғӯштаи хун аст. Сурия бошад вайрону валангор аст…

Аз ин лиҳоз баланд бардоштани зиракии сиёсии насли ҷавон ва муборизаи дастаҷамъӣ бар ин зуҳуроти номатлуб вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Терроризм бар амнияти сокинон таҳдид мекунад ва душмани сулҳу салоҳ аст, ки бояд ин вабои навпайдо решакан карда шавад.

Мо, омӯзгорони кафедра ин зуҳуроти номатлубро комилан маҳкум намуда, ба ҷавонон гуфтани ҳастем, ки фирефтаи ин гуна гурӯҳҳо нагарданд.